Рубрики Хабарҳо

Қатли фаҷеъи Абдулло Солеҳ

  Ба гузориши сойти ВВС форсӣ  Али Абдулло Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман кушта шудааст. Хабаргузории “Алмаёдин” пештар дар бораи кушта шудани ӯ иттилоъ дода, гуфта буд, ки бар асари инфиҷор дар хонааш кушта шудааст. Аммо бархе расонаҳои арабзабони дигар  аз ҷумла “Ал-арабия” аз қавли ҳизби Кунгураи миллии халқ иддао кардааст, ки Абдулло Солеҳ зинда аст.

Бархе дигар гуфтаанд, ки ӯ ҳангоми фирор ба самти Маъриб кушта шудааст.

Абдулло Солеҳ 5 рӯз пеш ҳампаймонии худашро бо ҳусиҳо ба ҳам зад ва дар Санъо пойтахти Яман байни неруҳои тарафдори ӯ ва ҳусиҳо даргириҳои шадид рух дод.

Ба гуфтаи сухангӯи ҳусиҳо, ӯ ҳангоми хориҷ шудан аз Санъо кушта шудааст. Ҳамроҳи ӯ муовинаш Ориф Зуко ва дабири ҳизби Кунгураи миллӣ Ёсир Ал-Авазӣ низ кушта шудаанд.

Абдулло Солеҳ аз соли 1990 зимоми кишварашро дар даст дошт ва яке аз диктаторҳои ҷаҳони араб хонда мешуд, ки ҳам кишварашро ба нобудӣ кашонд ва ҳам худаш ба тарзи фаҷеъ кушта шуд.

Бо фарқ аз ӯ Бин Алӣ, раисҷумҳури Тунис кишвар ва мардумашро бо канор рафтанаш аз қудрат наҷот дод ва аз кишвар хориҷ гардиду дар ғами сарвату қудрати аз дастрафтааш ҷонашро низ аз даст дод.

Ҳусни Муборак ҳам дар Миср аз қудрат канорагирӣ намуд, то кишварашро аз ҷангу хунрезӣ бираҳонад.

Аммо Муаммар Қаззофӣ, Башор Асад, Саддом Ҳусейн ва Абдулло Солеҳ диктаторҳое ҳастанд, ки кишвару мардумашронро қурбони сарвату қудратталабияшон карданд. Кишварҳояшон вайрон гардиду мардумашон кушта шуд ва дар ниҳоят ба ҷуз Башор Асад(ки тақдири ӯ ҳам маълум нест ба чӣ меанҷомад) худи диктаторҳо низ ба таври фаҷеъ кушта шуданд. Диктатори Зимбабверо бошад чанд рӯз пегштар артиши кишвараш аз қудрат барканор намуд. Оё дигар диктаторҳо аз сарнавишти инҳо дарс мегиранд? Инро дар оянда хоҳем дид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *