Рубрики Хабарҳо

«Зоро»: Зайд Саид бояд дар зиндон бимирад!!

Зайд Саидов, тоҷири маъруфи кишвар ва поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, зери шиканҷаи пайваста қарор дорад ва ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Як корманди зиндон эътироф кардааст, ки “аз боло” амр шудааст Зайд кушта шавад.

Тибқи иттилои як манбаъи мӯътамад, Зайд Саидов ҳар шабонарӯз бо усули “Склонка” даҳ маротиба ба берун, рӯи битони хунук бароварда шуда, мавриди пурсуҷӯ ва таҳқир қарор мегирад. Ва ин ягона шиканҷаву таҳқире нест, ки алайҳи ин тоҷир ва сиёсатмадори маъруф ба кор меравад.

«Склонка» намуди шиканҷвест, ки ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат  зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда зимистон болои битон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд, ва маҳбусонро якто — якто садо мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.

Манбаъ мегӯяд Зайдро назди дари даромад ҷой кардаанд ва шабона кӯрпаи болояшро мегиранд. Ӯ пайваста аз тарафи зиндонбонҳо мавриди таҳқиру шиканҷа қаро мегирад. Бештари таҳқиру азиятҳоро ба ӯ корманди Раёсати ислоҳи ҷазо бо номи Раҳмон Нуриддин, муовини Изатулло Шарипов анҷом медиҳад. Ҳамин нафар эътироф кардааст, ки “аз боло” супориш шудааст, то Зайд аз беморӣ бимирад. 

Вазъи саломатии Зайд Саидов ҳам, тибқи гуфтаи манбаъ хуб нест ва ин шиканҷаву таҳқирҳову дар рӯи бетони хунук нигоҳ доштанҳо онро бадтар кардааст. Бо вуҷуди ранҷ бурдани Зайд аз беморӣ ва дархости чандинкаратааш барои муолиҷа, ӯро ҳатто ба назди табиби зиндон набурдаанд.

 “САКТАИ МАҒЗӢ”-И МАХДУМИ АБДУСАТТОР ДАР ЗИНДОН

Яке аз шиканҷаҳое, ки аз алайҳи Зайд Саидов истифода мебаранд, маҳрум карданаш аз вохӯрӣ бо ҳамсараш аст. Ӯ  бо ҳамсараш ақди никоҳи расмӣ надоштааст ва бо вуҷуди дархостҳои зиёдаш давоми се сол, иҷозаи бастани ақди расмиро надодаанд ва ҳамсарашро ба наздаш роҳ намедиҳанд. 

Мо аз манбаъ пурсидем, ки чаро наздикони Зайд ба ин масала эътироз намекунанд? Ӯ гӯфт: «ҳангоми мулоқот Зайдро бо наздиконаш танҳо намегузоранд. Ӯ наметавонад ба наздиконаш чизе бигуяд. Аммо вазъи саломатии ӯ воқеан вахим асту ӯро ба табобатгоҳ намебаранд.» 

Зайд Саидов пас аз он зиндонӣ шуд, ки мехост ҳизби «Тоҷикистони Нав»-ро таъсис диҳад. Ҳангоме, ки дар Фаронса қарор дошт барояш парванда боз карданд, вале ба Тоҷикистон баргашт ва хост бегуноҳияшро исбот кунад. Аммо ӯро аз фурудгоҳ боздошт намуданд ва зиндонӣ карданд.

Қаблан “Паём” аз истифодаи усули “Склонка” алайҳи зиндониҳои сиёсӣ ва иттилоъ дода буд , ки Махдуми Абдусаттор, узви Раёсати Олии ҲНИТ дар натиҷаи он ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд..

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *