Дар фурӯдгоҳи Внуковои Маскав шумори зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо хатсайри Тирмиз-Маскав вориди Русия шуданд, дар дидбонгоҳи сарҳадӣ иҷозаи вуруд надоданд.
Як мусофири ин хатсайр, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст, ба Паём гуфт, дар хатсайри рақами 609-и “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ҳудуди 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мусофир буданд, ва ҳеҷ нафар аз онҳо иҷозаи убур аз сарҳади Русияро пайдо накард.
Манбаъ гуфт ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбекистони ин хатсайр бидуни мушкиле дидбонгоҳи сарҳадироо убур кардаанд. Сарҳадбонон шиносномаҳои тоҷиконро гирифта, ба худашон амр мекунанд, ки дар толор мунтазир бошанд.
Сарҳадбонони рус сабаби надодани иҷозаи вуруд ба шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд.
Баъди боз шудани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекситон, бинобар гаронии нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, тоҷикон ҳарчӣ бештар тавассути шаҳрҳои Ӯзбекистон ба Русия парвоз мекунанд.
Тибқи гуфтаи манбаъ, онҳое, ки тавассути хатсайри 609 УҲЛ парвоз доштанд, асосан сокинони вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи маркази Тоҷикистон будаанд.
Сокинони вилояти Суғд бештар тавассути Тошканд, Самарқанд, Намангон ва Фарғона парвоз мекунанд.