Дар моҳи январ дар Тоҷикистон 2 миллиарду 358,8 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 324,9 миллион кВт/соат бештар аст.
Тибқи додаҳои мақомоти бахши энергетикаи кишвар, дар ин давра нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар 1 миллиарду 734,4 миллион кВт/соат нерӯи барқ тавлид кардаанд.
Афзоиши тавлид идомаи раванди соли 2022 аст, ки истеҳсоли барқ рекордшиканӣ кард ва бори аввал дар таърих ба 21,5 миллиард кВт/соат расид.
Дар ҳамин ҳол, таъмини аҳолӣ ба барқ дар нимаи дувуми соли 2022 ва моҳи январи соли 2023 ба сатҳи солҳои 2012-2013, яъне даҳ соли қабл баргашт. Зимистони имсол, ба истиснои чанд рӯзи бисёр сарди моҳи декабр, мардум шабонарӯз 10-12 соат барқ дошт.
Эълони афзоиши 14 дарсадии истеҳсоли барқ дар моҳи январ дар ҳолест, ки таъмини барқи аҳолӣ нисбат ба моҳи январи соли 2022 30-40 дарсад коҳиш ёфтааст. Содироти барқ ба Афғонистон албатта афзоиш ёфтааст, аммо ин афзоиш ба ҳаде нест, ки таъмини дохилиро ба 30-40 дарсад поин барад.
Мақомот дар сабаби бозгашти лимити шадид баҳонаи ягона ва мантиқие ироа намекунанд. Дар аввали ҷоришавии лимит дар тирамоҳи соли 2022, “Барқи тоҷик” вуҷуди ҳар гуна маҳдудият дар таъмини барқро рад мекард ва ҳамон баҳонаи кӯҳнашудаву забонзадаи қадимиаш — таъмири зеристгоҳҳоро баҳона мекард. Беэътиноии ин ширкати дузд ба шикояту эътирозҳои мардум — моликони аслии барқ то ҳадест, ки дар 25 соли норасоии барқ ҳеҷ баҳонаи мантиқие фикр накарда ва боре ҳам ба ин суол посух надодааст, ки чаро таъмири зеристгоҳҳо маҳз баробари саршавии хунукиҳо, замоне, ки мардум ниёзи шадид ба барқ доранд, шурӯъ мешавад.
Дертар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуди лимити барқ эътироф ва мардумро ба сабр даъват намуд. Дар сардиҳои моҳи декабр, ки садои эътирози мардум ҳарчи баландтар садо медод, Раҳмон амр кард лимити таъмини барқ аз байн бардошта шавад, аммо ин фармони ӯ ҳамагӣ 9-10 рӯз амал кард ва мисли ҳамаи фармонҳояш аз тарафи масъулин ва шахси худаш фаромӯш шуд.
Таҳқиқоти Паём дар ин бора ба зудӣ нашр мешавад.