Дирӯз 14 ноябр дар Душанбе нишасти навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор шуд.
Ҳайатҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Сарвазир – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекарданд.
Тибқи иттилоъи АМИТ “Ховар” дар “натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд”. Ҷузъиёти бештаре дар бораи матни протокол ва масоили баррасишуда дода намешавад. Танҳо гуфта шудааст “онибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”.
Қаблан
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон, ки то рӯзи 11-ми ноябр дар Самарқанд идома ёфт, гуфта буд “баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд”.
Ҷабборов таъкид кард “ҷониби Қирғизистон мавқеи худро вобаста ба баҳси марзӣ бо роҳи муколамаи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ нигоҳ медорад».