Рубрики Хабарҳо

Қурси дору дар дохили мандаринҳои чинӣ дар Душанбе

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дар он нафаре аз дохили пораҳои солими мандарин қурсу дору берун меорад ва мегӯяд, ки мандариниҳои чинианд, ки дар душанбе харидааст.

Дар навор дида мешавад ӯ аз дохили пораи мандарин аввал чанд дона тухми он, сипас қурси доруеро берун мекунад ва мегӯяд аз дохили як мандарин 5 қурс ёфтааст. Рӯи лаълие, ки ӯ мандаринҳоро пора кардааст, воқеъан се қурси дигар дида мешавад.

Ин нафар мегӯяд “ина бародаро, манариное, ки мехаред. Мз аз Жилмассив харидем”.  

Ҳамчунин садои зане аз наздикӣ шунида мешавад, ки мегӯяд “Худоё тавба кардам”.

Ин навор чанд соат пеш дар шабакаҳо пайдо шудааст ва то ҳол мақомот шарҳе дар ин бора надодаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *