11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Имомхатиби Масҷидулақсо боздошт шуд

 Шайх Акрама Сабрӣ, раиси ҳайъати олии исломии Байтулмуқаддас ва хатиби Масҷидулақсоро шомгоҳи сешанбе аз ҷониби режими саҳюнистии Исроил боздошт шуд.

Ари Дерӣ, вазири корҳои дохилии режими саҳюнистӣ, ки ин ҳукми боздоштро содир кардааст, гуфт: Шайх Сабрӣ робитаи маҳкаме бо нерӯҳои ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Туркия ва дигар кишварҳо дорад ва дар конфронсҳо алайҳи режими саҳюнистӣ суханронӣ мекунад.  

Режими саҳюнистӣ пеш аз ин низ Шайх Сабриро мамнуулсафар карда буд.  

Шайх Сабрӣ боздошти худро золимона, тавҷеҳнопазир ва ғайриқонунӣ дониста гуфт, дар ҳукми боздошташ ҳеҷ далеле зикр нашудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *