Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Туркия парвози Сайдулло Валиевро ба кишвари сеюм лағв кард

Ихроҷи Сайдулло Валиевро мақомоти Туркия   ба кишвари сеюм ду маротиба,  дар тули ду рӯз лағв кардааст.

Тибқи маълумоти ба Паём расида, дирӯз 3 май, мақомоти Туркия  аз пайвандони Сайдулло Валиев талаб мекунанд, ки ба кишвари сеюм чипта харанд.  Пайвандони номбурда, ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон чипта мехаранд. Аммо парвози ӯро мақомоти Туркия лағв мекунад.

«Мебоист Сайдулло Валиев дирӯз, соати 23 шаб ба шаҳри Тбилисии Гурҷистон парвоз мекард.  Аммо, ҳамагӣ 6 соат пеш аз парвоз, соати 17 бегоҳӣ мақомоти Туркия аз қавли худ мегардад ва намояндаи мақомоти зидахли Туркия ба пайвандони Сайдулло мегӯяд, ки бино ба баъзе мулоҳизаҳо ихроҷи Сайдулло Валиев ба Гурҷистон лағв шудааст ва бояд ба кишвари дигар чипта харид».- мегӯяд манбаъ

Бино ба гуфти манбаъ пайвандони Сайдулло, дуюмбора, баъди машварати вакилаш бо масъулини мақомоти зидахли Туркия ба шаҳри Кишинёви Молдовия чипта мехаранд. Мебоист, Сайдулло Валиев имрӯз,  4 май, соати 19:15 аз фурӯдгоҳи Отатурки Стамбул ба Кишинёв парвоз мекард. Соати 17 бо ҳамроҳии нигаҳбонон ва ронандаи мақомот онҳо ба сӯи Фурӯдгоҳ ҳаракат мекунанд. Аммо дар роҳ, ронанда мошинро бозмедорад ва баъди як сӯҳбати телефонӣ мегӯяд, ки сафари Сайдулло Валиев ба Молдова лағв шудааст.

Маълумоти дигаре то ба ҳол аз ӯ дастрас нест.

Имрӯз соати 20:45  аз Фурӯдгоҳи Отатурки Стамбул ба шаҳри Душанбе бояд ҳавопаймои мусофирбар  парвоз кунад. Пайвандонаш мегӯянд, эҳтимол дорад ӯро бо ин хатсайр ба Тоҷикистон истирдод намоянд.

Сайдулло Валиев, домоди масъули баландпояи ҲНИТ Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) —  дар Истамбули Туркия дирӯз боздошт шуда буд.

Дирӯз баъди зухр пулис ба хонаи Сайдулло Валиев рафтаанд, то боздошт кунанд. Чун ӯ дар хонааш ҳузур надошт ба ҷои кораш рафта дастгир ва ба шӯъбаи амнияти минтақаи Пендики Истамбул мебаранд. Аз ӯ талаб карданд ба Тоҷикистон чипта харад, аммо ӯ рад кардааст.

Домоди Шоҳнаими Карим соҳиби як фарзанд буда, дар як корхонаи пояфзолдӯзии Истамбул кор мекард.

Худи Шоҳнаими Карим дар сӯҳбат бо Паём ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт домодашро ба хотири фишор ба ӯ мехоҳанд ба Тоҷииктсон баранд. Ба гуфтаи ӯ чанд рӯзи охир бародари калониаш Кузов Раҳим бо ҳамсараш Давлатова Фотима ва ду писараш мавриди фишори шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин 20 рӯз қабл Кузов Раҳим ҳудуди 15 соат мавриди истинтоқ ва пурсуҷӯи мақомоти амниятӣ қарор гирифтааст.

Қаблан худи Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим) бо дархости мақомоти Тоҷикитсон дар Юнон боздошт шуда буд, аммо додгоҳи ин кишвар ҳукми озодии ӯро содир кард.

Қаблан Туркия макони амне барои касоне буд ки аз нигоҳи сиёсиву эътиқодӣ дар кишварҳояшон таҳти фишор қарор доштанд ва Туркияро ҳамчун паноҳгоҳи мазлумон медонистанд. Аммо чандест ки Туркия ҳам даст ба ихроҷ ва ҳатто истирдоди онҳо мезанад ки мояи нигаронии бисёриҳо шудааст. Баъзеҳо ин равандро марбут ба интихоботҳои қарибулвуқӯъ дар ин кишвар медонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *