Дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор талоқ сабт шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 162 талоқ бештар аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хилолбӣ Қурбонзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сабабҳои талоқ гуногун буда, асосан мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ихтилофу нофаҳмиҳо дар оила сабаби азҳампошии оилаҳо мегардад.
Сабаби дигари талоқ ба гуфтаи Кумитаи кор бо занон ва оила, қасди шавҳар барои гирифтани шаҳрвандии Русия будааст.
Қурбонзода гуфт, «соли гузашта дар вилояти Хатлон 804 ҷуфт барои дарёфти шаҳрвандии дуюм (Русия), дар Рашт 103 ҷуфт ва дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ 31 ҷуфт аз ҳам ҷудо шуданд».
«Чунон ки маълум шуд, ин талоқҳо бо мақсади ба даст овардани шаҳрвандии Русия сохта шудаанд. Воқеан, оилаҳо дар никоҳи мусалмонӣ (никоҳ) зиндагӣ мекунанд ва чунин талоқҳои сохта омори талоқҳои расмиро зиёд мекунад” — гуфт ӯ.
Гуфтанист, яке аз имконҳои дарёфти шаҳрвандии Русия издивоҷ бо шаҳрванди ин кишвар аст. Ҷӯяндагони шаҳрвандӣ бо афроде дар ин кишвар никоҳи қалбакӣ мебанданд ва барои ин никоҳи расмиашон дар Тоҷикистонро бекор месозанд.
Мақомоти русӣ борҳо аз афзоиши никоҳҳои қалбакӣ шикоят карда ва бархе ҷазоҳо дар ин мавридро низ таъин кардаанд, аммо шумори ин гуна никоҳҳо камтар нашудааст. Таъини ҷазо танҳо хароҷоти никоҳи қалбакиро боло бурдааст, чун занҳои русе, ки ба никоҳи қалбакӣ розӣ мешаванд, барои тасдиқи он дар додгоҳ маблағи бештар талаб мекунанд.
Ба гуфти Хилолбӣ Қурбонзода дар соли 2022 199 мард аз хушунати хонаводагӣ шикоят кардаанд.
Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази пешгирии зӯроварӣ ва баробарии гендерии назди Кумита 1621 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, аз шумори умумии муроҷиаткунандагон 1422 нафарро занон ва 199 нафарро мардон ташкил медиҳанд.
Мардон аз он шикоят кардаанд, ки дар хонаашон мавриди зуроварӣ ва хушунати оилавӣ қарор мегиранд ва барои рафъи хушунат аз Кумитаи занон ва оила кумак хостаанд.