Хоҷа Низомулмулк Тӯсӣ дар соли 408 – и ҳиҷрӣ дар шаҳри Тӯси Хуросон дида ба ҷаҳон гушуд. Падари Тӯсӣ Алӣ писари Исҳоқ ба деҳқонӣ машғул буд ва яке аз ёрони Маҳмуд Сабуктегин ба шумор мерафт. Хоҷа Низомулмулк низ дар даврони кӯдакӣ ба ҳамроҳи падар ба деҳқонӣ пардохт ва ҳамон замон дар назди вай Қуроъонро хатм намуд. Пас аз хатми Қуръон падараш вайро ба касби илму дониш ва омӯзиши дигар илмҳо роҳнамоӣ намуд. Вай дорои ҳаммати воло ва донишманди хубе буд, ки замони навҷавонии худ дар хидмати Абуалӣ писари Шозон, вазири Алаб Арслон даромад ва ба унвони котиб пеши ӯ адои хидмат мекард. Ибни Шозон ҳангоми вафоташ вайро васият намуд, ки ба хидмати Султон Алаб Арслон дарояд ва ӯ низ чунин кард.
Чун Низомулмулк шахсияти маъруф ва бисёр арҷманде буд, Алаб Арслон низ ӯро ба симати вазири хеш интихоб кард. Тибқи навиштаи таърихнависон, Алаб Арслон ҳангоми наздик шудани маргаш ба писари худ Маликшоҳ васият кард, ки дар умури давлатдорӣ ва идорӣ аз раъйи Хоҷа берун наравад ва ӯро падаре дилсӯз ва меҳрубон қабул кунад. Маликшоҳ низ чунин кард ва ӯро дар симати корҳои вазоратӣ муваззаф кард. Ҳамин буд, ки фаъолият дар вазоратҳо барои Низомулмулк шароит муҳаё кард ва ӯ тавонист хидматҳои бузурги фарҳангӣ ва диниро ба анҷом бирасонад.
Низомулмулк ва таъсиси мактабҳо
Низомулмулк замони фаъолият хеш барои пешрафт ва тамаддуни миллати Ислом хидматҳои шоёнеро ба анҷом расонид, ки яке аз он хидматҳо таъсис таълимгоҳҳо ва мадорис мебошад. Ин дар ҳолест, ки ӯ дар баробари бунёди маконҳои фарҳангӣ ба дигар корҳои давлатдорӣ, чун сиёсат, иқтисоди кишвар низ саҳми арзандае дошт. Тиқби навиштаи муҳаққиқон, мадорис ва мактабҳое, ки Низомулмулк замони худ бунёд сохтааст дар таърих ба мадориси «Низомия” шинохта мешаванд. Муҳимтарини онҳо иборатанд аз низомияҳои Бағдод, Мусил, Нишопур, Балх, Ҳирот, Марв, Гургон, Басра, Шероз ва Исфаҳон.
Наҳзате, ки Низомулмулк бо сохтани низомияҳои гуногун ба вуҷуд овард ба зудӣ ва бо суръати шигифтоваре аз тарафи тамоми шаҳру кишварҳои он замон қобили қабул гардид. Тибқи навиштаҳо, дар қарни панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ ҳеҷ шаҳре набуд, ки дар он мактабҳои гуногун ба вуҷуд омада буд. Дар ин мактабҳо дарсҳое чун фиқҳ, ҳадис, тафсир, улуми адабӣ, риёзиёт, тиб ва ҳикмат мавриди омӯзиш қарор мегирифтанд. Дар баробари таълимоти фанҳои мазкур, тамоми мактабҳо дороӣ китобхонаҳои муътабар буданд ва дар ин мадорис ҳар донишҷӯе ҳуҷраи хоси худро дошт ва муқаррарӣ моҳиёна мегирифтанд. Мактабҳои мазкур дар баробари моҳиёна додан ба донишҷӯён муваззаф буданд, ки ба донишҷӯҳо хӯрок ва ҷойи зистро низ муҳаё намоянд.
Хоҷа Низомулмулк низомияи Нишопурро барои Имом – ул- Ҳарамайн Абулмаъолии Ҷувайнӣ сохт, ки ба муддати 20 сол дар он ҷо ба тадрис машғул шуд ва шогирдоне ҳамчун Имом Ғаззолиро ба камол расонид. Бузургтарин донишгоҳе, ки Хоҷа Низомулмулк таъсис дода, низомияи Бағдод буд, ки дар он замон беш аз 6000 донишҷӯ дошт. Дар тӯли таърих бошад, ин донишгоҳ устодони маъруфу машҳуреро чун Муҳаммад Ғаззолӣ, Саъдии Шерозӣ, Абуисҳоқи Шерозӣ ва ғайра дар он ба амри тадрис шуғл мевазиданд.
Хусусиёти ахлоқии Хоҷа
Хоҷа Низомулмулк шахсияте бисёр дилсӯз ва меҳрубон буд ва ба иҷрои адолат дар миёни мардум бисёр муштоқ буд. Ибни Касир дар китоби «Албидоят ва Анниҳоят” нақл мекунад: «Зане заъиф ва дармонда аз Хоҷа ёрӣ талабид ва Хоҷа низ ба шикоятҳои ӯ гуш медод. Он зан тамоми мушкилоте, ки дар худ дошт назди Хоҷа баён мекард. Посбонон ин ҳолатро дида, хостанд то занро аз пеши Хоҷа дур созанд, аммо Хоҷа онҳоро манъ кард ва иҷоза дод, то зан суханашро ба охир расонад. Пас аз шунидани шикоятҳои зан Хоҷа ба посбонон хитоб карда гуфт, ки шумо барои хидмат ба чунин инсонҳои заъиф ва дармондае интихоб шудаед ва гарна подшоҳону умаро ниёзе ба хидмати шумо надоранд.”
Маҷлисҳои Хоҷа Низомулмулк пур аз уламо ва донишмандону фуқаҳо буд, то ҷое ки бисёре бар вай эътироз мекарданд, ки ҳамнишинӣ бо уламо туро аз масоили сиёсӣ боз доштааст. Аммо Хоҷа мефармуд: «Онҳо зебоии дунё ва охират мебошанд ва агар онҳоро бар сарам қарор диҳам боз ҳам онҳо бузургтар аз онанд.” Хоҷа бисёр инсони фурутан ва хоксор буд. Ибни Ҷавзӣ дар «Алмунтазам” мегӯяд: «Ҳар гоҳ Абулқосим Қушайрӣ ва Имоми Ҳарамайн Ҷувайнӣ бар Хоҷа ворид мешуданд, дар муқобили онҳо бармехост ва онҳоро дар канори худ менишонду бо онҳо бо як камоли адаб суҳбат мекард. Аммо ҳангоме ки Абуалӣ Формазӣ бар ӯ ворид мешуд дар муқобил вай бармехост ва ӯро ба ҷойгоҳи худ менишонд рӯбарӯи ӯ зону мезад.” Рӯзе аз ин ҳолат пурсон шуданд, ки чаро чунин мекунад, ӯ дар посух гуфт:
«Абулмаъоли Ҷувайнӣ ва Абулқосим Қушайрӣ ва амсоли онҳо замоне ки бар ман ворид мешаванд бисёр маро тамҷид мекунанд ва маро аз манзалате, ки дар он ҳастам болотар мебаранд. Суханони онҳо сабаби эҷоди кибр дар даруни ман мешавад. Ҳар гоҳ Формазӣ ба назди ман меояд айбҳо ва зулмҳои маро ёдовар мешавад, ки сабаб мегардад аъмоли худро ислоҳ намоям”. Дар бораи фурӯтанӣ ва эҳтироми ӯ нисбати уламо ва донишмандон бузургон қиссаҳои зиёде овардаанд, ки метавон онро аз китобҳо пайдо кард.
Вафоти Хоҷа Низомулмулк
Албатта, дар ҳар давру замон муқобили адолат ва ҷойгоҳи шахси одил мухолифонеро дида мешавад, ки мехоҳанд чунин бузургонро аз роҳи нопоки худ дур созанд. Ҳамзамон ҷойгоҳ ва мақоми Низомулмулк барои бисёриҳо нигаронкунанда буд. Хусусан ботиниён, ки он замон бисёр муборизаҳоро мебурданд, аз ҷойгоҳ ва мақоми Хоҷа чандон розӣ набуданд. Овардаанд, ки соли 485 ҳиҷрӣ, рӯзи панҷшанбе, мувофиқ бо даҳуми Рамазон Хоҷа ба наздикии Наҳованд расиданд дар он ҷо Султону Хоҷа ва ҳамроҳон барои ифтор нишастанд. Чун сари дастархон нишастанд, уламову фуқаҳо ва ниёзмандон атрофи ӯ ҷамъ омаданд.
Низомулмулк дар ҷамъи донишмандон ва бузургон арзиш ва аҳамияти Наҳовандро, ки саҳоба дар аҳди Умар (р) дар ин сарзамин меҷангиданд баён мекард ва фармуд: «Хушо ба саъодат касе, ки ба онҳо мулҳақ шавад”. Замоне ки Хоҷа аз ифтор фориғ шуд, шахсе дар либоси суфӣ худро ба Хоҷа наздик намуд ва худро муҳтоҷу ниёзманд муаррифӣ кард. Хоҷа Низомулмулк ҳам аз рӯи мардумдӯстӣ ва дилсӯзӣ бо вай маҷоли сухан дод, ки ногаҳон дастони палидашро аз остин баровард ва бо ханҷаре қалби шермарди таърихи Исломро дарид. Чун қотилро дастгир карданд, Хоҷа фармуд, ки ӯро раҳо кунанд, зеро ман ӯро бахшидаам. Султон Маликшоҳ бо шунидани ин хабар бар болини Хоҷа ҳозир шуд, ки Хоҷа ба зикру ёди Худованд машғул буд ва пас аз гуфтани шаҳодатайн ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.