Рубрики Хабарҳо

Дар се вилояти Ӯзбекистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозанд

Тибқи иттилои вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, лоиҳаи сеюми “Scaling Solar 3” бунёди се нерӯгоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 500 МВт пешбинӣ мекунад, ки сармоягузоронашон аз рӯи натиҷаҳои тендер муайян карда мешаванд.
Оғози лоиҳаи сеюм моҳи феврали соли 2021 дар назар аст. Сохтмони нерӯгоҳ дар минтақаҳои Бухоро, Намангон ва Хоразм ба нақша гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки 18 октябри соли 2019 Masdar (Амороти Муттаҳидаи Араб) дар тендер барои сохтмони нерӯи барқи 100 МВт дар вилояти Навоӣ дар доираи лоиҳаи «Scaling Solar 1» ғолиб омад. Бо назардошти натиҷаҳои мусбат дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ созишнома оид ба ҷалби хадамоти машваратӣ ва афзоиши иқтидори ФЭС-и офтобӣ дар доираи лоиҳаи Scaling Solar ба имзо расониданд.

Дар натиҷаи ин созишнома, дар аввали соли 2020 барои сохтани ду нерӯи барқии “Scaling Solar 2” бо иқтидори умумии 400 МВт дар минтақаҳои Самарқанд ва Ҷиззах тендер эълон карда шуд. Айни замон озмунҳои ин лоиҳаҳо идома доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *