Рубрики Хабарҳо

Фасод ва таҷовузи ҷинсии яке аз бузургтарин созмонҳои ғайридавлатии ҳимоят аз кӯдакон фош шуд

Интишори гузорише дар рӯзи сешанбе, 6 июн мавридҳои зиёде аз хушунати ҷинсӣ ва фасодро дар як Созмони байналмилалии ғайридавлатӣ байни солҳои 2000 ва 2020 фош кард. Агарчи мавридҳое аз фасод марбут ба авохири даҳаи 1980 низ вуҷуд дошта, ки пинҳон шудааст. 

Ин Созмон, ки SOS Children’s Villages ном дорад, дар соли 1949 дар Утриш барои кумак ба ятимон ва кӯдаконе, ки аз нигоҳубини кофӣ тавассути хонаводаҳояшон маҳруманд, таъсис шуд ва тавонист аз 2.5 миллион хурдсол ва бастагони онҳо дар 137 кишвар ҳимоят кунад ва бад-ин тартиб худро ба унвони “бузургтарин Созмони ҷаҳон” муаррифӣ кард. 

Қотеъияти мудири нави созмон дар фошсозии ҷиноятҳои гузашта 

Ингарид Ёхансн, мудири ҷадиди ин Созмон, ки аз соли 2021 раёсати онро бар ӯҳда гирифтааст, бо ҳадафи рафъи “иштибоҳоти гузашта” аз санаде ёд кард, ки “хондани он барои коркунонаш душвор аст” аммо гувоҳӣ бар тамоюл ба “шаффофияти густурда”-и ин созмон дорад. 

Дар ин замина “даруннигарӣ” бо ҳадафи равшан шудани мавридҳое аз суъистифода, тиме ба сарпарастии Вили Мутунго, раиси собиқи додгоҳи олии Кения ташкил шуд. Комиссияи даҳнафараи таҳқиқ аз даҳ кишвар боздид кард, ҳазорон санади архивиро мавриди баррасӣ қарор дод ва 188 мусоҳиба бо қурбониён, мақомоти собиқ ва нозирони феълӣ анҷом дод ва гузориши 262 саҳифагӣ бо феҳристӣ аз суъистифода таҳия шуд. 

Таҷовузи ҷинсӣ, бордории кӯдакон ва сақти ҷанини иҷборӣ 

Ин гузориш ба мавридҳое аз “суъистифодаи ҷинсӣ ва физикӣ аз кӯдакон” “дар чандин шӯъбаи узв” воқеъ дар Африқо, Осиё ва Амрикои марказӣ ишора мекунад. 

“Бисёре аз мавридҳои ҳомилагии кӯдакон” ношӣ аз равобити ҷинсӣ байни ҷавонони таҳти сарпарастӣ ва таҷовузи ҷинсӣ мустанад шудааст. Мавриде, ки кӯдакони зери сини қонунӣ барои поён додан ба бордории худ ҳадафи “сақти ҷанини иҷборӣ бидуни ризояти хонавода” қарор гирифтаанд. 

Дар Сурия, ду корманди ин Созмон байни солҳои 2015 ва 2016 ба далели озори ҷисмии кӯдакон ва навҷавонон бидуни иттилоъи ниҳодҳои ин кишвар аз кор барканор шуданд. 

Дар ҳамин кишвар мавриде аз “озори ҷинсӣ тавассутӣ як шахсияти сатҳи боло” ва ҳамчунин истихдоми муҷаддади корманде, ки пас аз “ихроҷ ба далели озори физикии кӯдакон” ба кор идома дода, сабт шудааст. 

Дар Непал, яке аз кормнадоне, ки “бар хилофи қавонин” пазируфта шуда буд, байни солҳои 2010 то 2014 ба кӯдакон таҷовуз кард. 

Бозрасон дар ин бора навиштаанд: “коркунон ва мудирони аршади собиқ бо вуҷуди иттилоъ аз ин суъистифодаҳо аз анҷоми иқдомоти муносиб, аз ҷумла таҳқиқ ё ҳимоят аз қурбониён кӯтоҳӣ карда ва ҳатто гоҳе ба думболи пинҳон кардани ҳаводис гузориш шуда буданд.” 

Ба таври куллӣ, ин гузориш бо эъломи “майл ба ҳифзи эътибори созмон” дар муқобили манофеъи кӯдакон ибрози таасуф мекунад. 

Фасод ва азхудкунии молӣ 

Фаротар аз мавриди бадрафторӣ, ин санад “теъдоди қобили таваҷҷуҳе” аз мавриди азхудкунӣ, суъистифода аз қудрат, тазодди манофеъ, фасод, пулшуӣ ва беназмиро дар бастани қарордодҳои “миллион долларӣ” аз сӯи “ашхоси ҳақиқӣ” нишон медиҳад. 

Барои ислоҳи ин сохторҳо дар мудирияти ҷадид ҷойгоҳе барои дифоъ аз ҳуқуқ эҷод шудааст ва беш аз ниме аз аъзои мудирият иваз ва марказҳои пазириши созмон тақвият шудаанд. Аммо дар ин гузориш ҳамчунон аз вуҷуди ноҳинҷории сохтори қадимӣ, ки монеъ аз кори мудирияти ҷадид мешавад, изҳори таасуф шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *