Бо вуҷуди боз шудани масҷиди бузурги Тоҷикистон, имрӯз намози ҷумъа дар он баргузор нмешавад. Дар ин бора «Азия-Плюс» бо истинод ба Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Муҷим, баргузории намози ҷумъа дар масҷиди навбунёди пойтахт сар аз ҳафтаи оянда, 16-уми июн, дар назар аст.
“Имрӯз танҳо ба хотири комилан омода шудани хидматгузорони масҷид ва омода кардани масҷид барои қабули ҳама намозгузорон намози ҷумъа барпо намешавад. Намозҳои панҷвақта бошанд, пас аз ифтитоҳи расмии масҷид баргузор гардида истодаанд”, — гуфтааст Афшин Муқим.
Масҷид дирӯз бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ гардид.
Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузошта шуд.