Рубрики Хабарҳо

Дар 11 моҳ аз Тоҷикистон $2 млрд бебозгашт хориҷ шудааст

Тиҷорати хориҷии манфӣ боқӣ монда, хурӯҷи бебозгашти асъор аз кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ ҳудуди $2 млрд-ро ташкил додааст. 

Тиқорати хориҷии кишвар дар ин муддат $4 млрд. 69,8 млн-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9%, ё $225,5 млн. бештар аст. 

Аммо фарқи байни воридоту содирот ба нафъи дуввумӣ афзуда, таносуби манфии тиҷорӣ ба $1 млрд 925,8 млн расидааст. 

Содироти мол дар январ-ноябри соли 2019 ба маблағи $1 млрд. 72 млн амалӣ шуда, воридот бошад  $2 млрд. 997,8 млн-ро ташкил додааст. Ниондиҳандаҳои воридот аз содирот қариб 3 баробар(!) бештар мебошанд. 

$2 млрд арзи хориҷӣ, ки барои ворид кардани амволи воридотӣ аз кишвар берун бурда шудаанд, тибқи гуфтаи коршиносон пурра аз тарафи муҳоҷирони корӣ ба кишвар ирсол шудааст.  

Солона $2,5-3 млрд аз тарафи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Ҳоло домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ба ҳайси муовини раиси Бонки Миллӣ фаъолият мекунад, ба ин пулҳо чашм ало кардааст ва мехоҳад аз интиқоли онҳо даромади иловагӣ гирад. 

Дар ҳамин ҳол коршиносн ба ин назаранд, ки ин танҳо нишондиҳандаҳои расмӣ мебошад. Дар аст ҳам воридот ва ҳам интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирон хеле бештар аз он аст, ки гуфта мешавад. Барои мисол чанде қабл ин хабар расонаӣ шуд, ки танҳо аз Чин ба маблағи беш аз $1,2 млрд мол ба таври қоҷоқ ворид карда мешавад. 

Маблағи муҳоҷирон ҳам на ҳамааш тавассути бонкҳо ирсол шуда, як қисми бузурги он бо роҳҳои дигар ирсол мешавад ё муҳоҷирон зимни бозгашт бо худ меоранд. 

Дар 11 моҳи мазкур Тоҷикистон бо 105 кишвари ҷаҳон доду гирифт доштааст, ки тиҷорат бо аксари ин кишварҳо аз чанд ҳазор доллар боло нест. Шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон Русия – $953,1 млн., Казоқистон – $832,6 млн. ва Чин – $582,1 млн. боқи мемонанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *