Рубрики Хабарҳо

Қимати евро дар Тоҷикистон боло рафт

Тайи як ҳафтаи ахир дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон қимати ҳар евро аз 12 сомонӣ бештар шуд.

Дар ҳоле ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон қимати як евро 11 сомонию 50 дирам аст, дар бонкҳои тиҷорӣ ин рақам ба 12 сомонию 50 дирам расидааст. Аз сӯйи дигар қимати ҳар евро дар бонкҳои “Спитаменбонк”, “Алифбонк” ва “Эсхата” 12 сомонию 50 то 60 дирам таъйин шудааст.

Ҳамчунин қимати рубли русӣ дар рӯзҳои ахир дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Акнун дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қимати ҳазор рубли русӣ 146 то 149 сомонӣ аст. Ҳамчунин дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон қимати як доллар 10 сомонию 24 дирам таъйин шуда, вале дар бонкҳои тиҷорӣ як доллар ҳудуди 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *