Бонги хатар! 200 бемори коруно, 50 нафар бо вазъи вахим дар зиндони №1
Дар зиндони рақами 1-и Душанбе ҳади ақал 200 нафар ба вируси коруно олуда шуда, вазъи саломатии ҳудуди 50 нафари онҳо вахим аст. Табибон эътиборе ба беморон намедиҳанд ва имкони шурӯъи маргумир хеле зиёд арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилоъи як манбаъи мӯътамади Паём, бемории COVID-19 дар зиндони рақами 1-и пойтахт бо суръат паҳн мешавад ва мақомот ҳеҷ чораи пешгирӣ аз шуйӯъи бештари он анҷом намедиҳанд.
Ҳамаи онҳо, аз ҷумла 50 нафар аз гирифторон бо ҳарорати хеле баланд ва вазъи бади саломатӣ дар ҳамон ҳуҷрае, ки қаблан нигоҳдорӣ мешуданд қарор доранд ва табибон расидагие ба саломатии онҳо намекунанд. Масофаи кати хоби онҳо аз ҳамдигар 30-40 сантиметр гуфта мешавад.
Манбаъ гуфт вақте яке нафасгир шуду табиб ҷеғ заданд, посухи табиб ин аст, ки “пневмония шудӣ, ҳеҷ гап нест, соз мешавӣ”. Ба бештари беморон ҳатто доруҳоеро, ки аз берун хонаводаҳояшон мефиристанд, намедиҳанд.
Ба гуфтаи манбаъ, чанд нафари онҳое, ки вазъашон бад аст, чанд рӯз аст чизе хӯрда наметавонанд.
Гуфтанист, субҳи имрӯз намояндагони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба Душанбе расиданд. Чанд созмон бо намояндагӣ аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз онҳо аз ҷумла хостаанд аз зиндонҳо низ дидан кунанд.