Рубрики Хабарҳо

СММ озодии Мақсуд Иброҳимовро ҳам талаб кард

Ба рӯйхати зиндониёни сиёсие, ки Тоҷикистон муваззаф шуд бидуни ҳеҷ шарте ва ҳарчӣ зудтар озод кунад, як нафари дигар илова шуд. Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст Мақсуд Иброҳимов, муассиси ва раҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»-ро озод кунад. Ҳамчунин Гурӯҳ аз Тоҷикистону Русия хоста  ба Иброҳимов ҷуброн пардозанд. 

Дар хулосаи ин созмон гуфта шудааст, «Иброҳимов бояд билофосила аз зиндон озод шавад». Ҳамчунин «ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия бояд мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ ҷуброни ҳабс, боздошти махфӣ ва ихроҷи ӯро пардохт кунанд». Аз ҳукумати Русия ҳам талаб шудааст “таҳқиқи ин қазияро ба роҳ монда, тамоми шахсони масъул дар қазияи Иброҳимовро ба ҷавобгарӣ бикашад».

Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, Мақсуд Иброҳимов соли 2015 дар Русия рабуда, сипас маҷбуран ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар як мурофиаи паси дарҳои баста ба 17 соли зиндон маҳкум гашт.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Иброҳимовро ба ҷиноятҳое мисли “даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «ташкили созмони ҷиноӣ» гунаҳкор донист. Ҳуқуқшиносони СММ парвандаву ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд.

«Гурӯҳи корӣ мушаххас намуд, ки ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи Иброҳимов дар таърихи 20-уми январи соли 2015 масъулияти муштарак доранд ва ҳукумати Тоҷикистон дар боздошти худсаронаи Иброҳимов дар он рӯз масъулият дорад», —омадааст дар хулосаҳои кори ин гурӯҳ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *