Як муҳоҷири тоҷик дар гуфтугӯ бо писараш, ки зоҳиран аз ӯ мехоҳад пул фиристад, бо сӯзи дил мегӯяд аз чунин зиндагӣ безор шудааст. “Болои бетони қоқ хобам… нони хӯрдагим заҳр аст” — мегӯяд ӯ.
Наворе аз гуфтугӯи як муҳоҷири тоҷик бо писарашро ҳомии ҳукуқ Каримҷон Ёров нашр карда, аз наздикони муҳоҷирин хостааст сарфакор бошанд ва аз муҳоҷирин пули зиёд талаб накунанд.
Дар ин навори такондиҳанда як мард, ки рӯи кӯрпачаи болои як поддон андохташуда ва фарши бетонӣ нишастааст бо телефон бо писараш гуфтугӯ мекунад. Ӯ бисёр эҳсосоти ҳарф мезанад ва аз чеҳраву сухангӯияш ҳам дида мешавад, ки сахт асабӣ аст.
“Ҳэ ман чӣ кор кунам, дар ҳар куҷо гашта истодаам аз бепулӣ, ман мемирам пагоҳ. Мурдаамро ҳамонҷо мегиред. Ин чӣ гап аст, чӣ кор аст.”, бо эҳсосот мегӯяд ӯ.
Ӯ бо эҳсосот даст меафшонда ва мегӯяд “ман сил шудам. 15-20 рӯзи дигар кор мекунам, билетама мегирам, хона меоям. Чӣ коре мекунед кунед Безор шудам. Аз ҳамин зиндагим безор шудам ҳаминҷо”.
Ин муҳоҷир бо дастонаш ба фарши хона ишорат мекунад ва мегӯяд “дар як поли қоқ хобам, дар як бетон. Ин чӣ гапу чӣ ҳол аст… Мурдам аз ҳамин фикру ғама, ки чор сӯм кор кунам роӣ кунам. Нони хӯрдагим заҳр аст”.
Бори аввал нест, ки навор аз вазъи бади муҳоҷирин нашр мешавад. Коршиносон мегӯянд аксари муҳоҷирини тоҷик дар Русия тақрибан ҳамин вазъро доранд ва дар шароити хеле баде кору зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо баъди чанд соли кор дар Русия саломатии худро аз даст медиҳанд.
Марям Собирова, як тоҷики сокини Маскав, ки дар ин шаҳр хона дорад, мегӯяд ду ҳуҷраи хонаашро ба муҳоҷирини тоҷик иҷора додааст. Аксари онҳо ҷавонони 18-25 сола буда, чун бобардор кор мекунанд. Моҳонаашон ҳам хеле кам буда, ҳамагӣ 300-350 долларро ташкил медиҳад.
Марям мегӯяд аксари ин ҷавонон дар ду ё се сол бемор мешаванд ва ба Тоҷикистон бармегарданд. “Табобаташон аз он пуле ки кор карда буданд, гаронтар тамом мешавад” — мегӯяд ӯ.