Рубрики Хабарҳо

Баъди фишорҳои КДАМ ба хонаводаҳояшон, эътирозгарон бори дигар дар толори ҷаласа ҳозир шуданд

Имрӯз соати 15.00 бо вақти Варшава, нишасти навбатии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мавзӯъи “Интерпол ва гурезагони сиёсӣ” оғоз шуд, ки тазоҳургарони тоҷик бори дигар дар он ҳузур пайдо карданд.

Бо вуҷуди фишорҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба хонаводаҳояшон, мухолифони тоҷик аз эътирозашон алайҳи ҷиноятҳои режими Раҳмон даст накашиданд ва имрӯз ҳам бо футболкаҳое, ки акси зиндониёни сиёсӣ ва қурбониёни режими ҷинояткор нақш шудааст, дар толори ҷаласа ҳузур пайдо карданд.

Қарор аст дар ин ҷаласа масъалаи воридшавии номҳои мухолифони сиёсии кишварҳои худкома дар рӯйхати Интерпол баррасӣ шавад.

Яке аз даъвоҳои мақомоти Тоҷикистон аз САҲА ва кишварҳои урупоӣ ин аст, ки чаро онҳо “ҷинояткорон”-е, ки дар рӯйхати Интерпол ҳастанд паноҳгоҳ медиҳанду дар ҷаласаҳояшон роҳ медиҳанд. Аммо ба назар мерасад ҳеҷ кишваре даъвоҳои мақомоти Тоҷикистонро ҷиддӣ намегирад, чун бештари парвандаҳояшон сохтаву бофта мебошад.

Тоҷикистон дар ирсоли парвандаи “ҷинояткорон” ба интерпол аз рӯи шумори аҳолӣ дар ҷаҳон ҷои аввал меистад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *