Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур Аҳмад Зайниддинов, сокини 18-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки қаблан низ бо ҷурми қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, дастгир намуданд.
Ӯ дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Зайниддинов А. бо ваъдаи гузаронидани маблағ ба ҳамёни электронӣ аз шаҳрвандон маблағҳои нақд гирифта, бо истифодаи расидҳои қалбакӣ онҳоро фиреб додааст.
Айни ҳол зиёда аз 30 ҳолати қаллобии номбурда ошкор гардида, тафтишот идома дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол аз кирдорҳои ӯ зарар дидаанд, хоҳиш менамояд, ки тавассути рақами 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube