Рубрики Хабарҳо

“Тазоҳурот” назди сафорати Эрон. Ё саҳнасозии номуваффақи мақомот (Навор)

Нимарӯзии 21 май як гурӯҳи иборат аз мардону занони ҷавон, ки худро “ҷавонони фаъол” муаррифӣ кардаанд, назди бинои Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон таҷаммӯъ ва “тазоҳурот” карданд.

Гирдиҳамомадагон шиорҳое мисли «Кабирӣ террорист» «Нест бод Кабирӣ!», «Нест бод Эрон», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!», “Кабириро баргардонед”, «Фарзандони моро баргардонед» сар медоданд ва ба сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон муроҷиат мекарданд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».

Зоҳиран «тазоҳуркунандагон» намедонистанд, ки Кабирӣ на дар Эрон, балки дар Аврупо қарор дорад. Ё барои тазоҳурот назди сафорати кишварҳои аврупоӣ «дипломатия» иҷоза намедиҳад.

Аз кадом фарзандон сухан меравад ва онҳо дар куҷо қарор доранду Эрон ба онҳо чӣ муносибате дорад, маълум нашуд.

Ин гурӯҳ шиорҳое мисли «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!», «Фарзандони моро аз гуруҳҳои террористӣ ба ватан баргардонед!», «Ба баргаштани фарзандони мо монеъ нашавед!” ҳам дар даст доштанд.

Барои ин “тазоҳурот”, ки ҳудуди 50-60 нафар дар он ширкат доштанд, роҳро ҳам дар ин самт бастанд. Соате пас нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохила расиданд ва ин “тазоҳурот”-ро пароканда карданд.

Ҳам “тазоҳурот” ва ҳам роҳбандиву расидани гурӯҳи зудамал кишварҳои демокросӣ ва озодро ба хотир меовард. Ҳатто баъзе аз “тазоҳуркунандагон” бо пулис вориди “хархаша” мешуданд.

Зоҳиран мақомот хостаанд нишон диҳанд, ки ин як таҷаммӯъи ихтиёрии шаҳрвандон аст ва давлат ҳам бо онҳо бархӯрди дуруст мекунад. Шояд касе ба воқеъӣ будани ин саҳна бовар мекард, агар дар Тоҷикистон таҷаммӯъи беш аз чор нафар манъ нашуда буд ва барои як “лайк” 9,5 сол зиндон намекарданд.

Хонандаи азиз метавонад аз ин навор саҳнаи ҳаҷвиро тамошо кунад:  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *