Ба худ қавл дода будам ки ин моҳ, ки як фурсати кӯтоҳ аст, бештар барои тазкия ва тарбияи худам фикр кунам ва хатоҳои худамро ҷуброн созам. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ камтар ворид шавам, бо сӯҳбатҳо ва корҳои на он қадар лозим дурӣ ҷӯям.
Амоо ин моҳ он қадар таҳқиру дашному тӯҳмат шунидем, ки дар моҳҳои дигар намешунидем. Нороҳат аз он нестам ки чӣ мегӯянд, нороҳат аз онам, ки натавонистем дар тарбияи миллат ва мардуми гиромиям саҳм гузорем ва ин миллати ботамадуну бофарҳангро ба аслаш нигаҳ дорем
Дар урфият мегуянд ”аз даруни бало беруни бало бадтар аст“.
Вақте дар дохили кишвар будам, бароям обрӯю пешрафт, ғаму шодии хонавода ва ақрабо, ҳамкор, ҳамсол, ҳамшаҳр авлавият дошт вале имрӯз ин ба як миллати бузург ки исмаш тоҷик аст мубаддал гаштааст.
Баъди ҳодисаҳои 4 -сентябр ва фишору тӯҳматҳо болои Ҳизби наҳзати исломивк зиндонӣ гаштани Зарафо Раҳмонӣ, Бузургмеҳр Ёров ва дигар фаъолон чанд вакили шинохта — Дагир Хасасов, Гулдон Солмез ва Амина Йилдирим барои шиносоӣ бо вазъи нафарон ба Тоҷикистон сафар намуданд.
Ҳангоми пешвози ин вакилон дар фурӯдгоҳи Отатурк, намояндагон аз расонаҳо ва намояндагони баландпояи Туркия иштирок доштанд, Гулдон Сулмез яке аз адвокатҳои шинохтаи турк гуфта буд “ман дар сафари киштии Мармара, ки барои мардуми Ғаза кӯмак мебурданд будам ва ҳама чиро дидам: ҳам тиру туфанг, марг, асорат. Ҳатто худам ба дасти пулиси Исроил асир будам. Вале ин қадар натарсида будам, то ин ҳад таҳқир нашуда будам, ки дар Тоҷикистон шудам. Золимтарин ва беодобтарин нафаре, ки дидам кормандони пулиси тоҷик буданд“.
Дар хориҷ аз кишвар ҳама тоҷиканд ва барои хориҷиҳо ба наҳзатию ҳукуматӣ ҷудо намешаванд. Ҳар чӣ дар як тоҷик диданд, хоҳ хуб буд хоҳ бад, дар номи миллат сабт мегардад.
Гузашта аз ин, нобоварӣ нисбати ҳамдигар чунон афзудааст, ки ҳатто бародар аз бародар хавф дорад, мабодо маро нафурӯшад. Ба саҳифаҳои иҷтимоӣ ворид мешавӣ, ҳама таҳқиру дашном .
Баҳси солим аслан вуҷуд надорад. На фарҳанги муошират ва на маданияти иҷтимоӣ .
То имрӯз бо ҳар номе машҳури дунё шудем, ҳар мусибате ба сари мардум овардем. ҳар ақабравие доштем, ҳамаро ба дӯши ҷанги шаҳрвандӣ ва масҷиду мадраса гузоштем. Инак се ё чор сол мешавад, ки дари масҷиду мадраса баста ва зери назорат, ҳизби ба қавли худатон “сабаби мушкили ва қафомонии кишвар” баста ва афродаш ҳам зиндонию фирорӣ, пас фурсати миллатсозӣ расид.
Зиёиён ва мактабу маорифу матбуот ҷои бо ин ҳама имконот думболи масаълаҳо ҷузъӣ гаштану дар берун душман ҷустан, телевизиону радио, ки минбари миллат ва чашми миллат аст ва бо заҳмату пули мардум роҳандозӣ мешавад ҷои ба гузоришҳои дурӯғ пардохтан, ба тарбияи миллат машғул шаванд. Ҳукумат ҷои ҷанг бо осиёби бодӣ дар фикри рушди кишвар бошад.
Дигар ки касеву ҳизбе монеъи шумо нест.
Мӯнисаи Солеҳ