Бизнес-ҳамоиши Тоҷикистону Саъудӣ
Дар «Душанбе – Плаза» ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ бо иштироки роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорон, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ширкатҳои ду кишвар баргузор гардид.
Роҳбарону намояндагони ширкатҳои Арабистони Саъудӣ, аз ҷумла «Shahara Global Investment LLC», «Асал ва зиндагӣ», «Agar Hous», «Al — Murabaa Investment Co» «Al – Zahrani Aviation Servies», барои ба роҳ мондани фаъолияти муштарак бо соҳибкорони тоҷик гуфтугӯ карданд. Сармоягузорони саудӣ, пеш аз ҳама, ба парвариши занбӯри асал, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш мароқ зоҳир намуданд — иттило медиҳад “Ҷумҳурият”.
Мақомоти тоҷик тавассути навор имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар самти кишоварзӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ, ба доираи соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт “Тоҷикистон на танҳо дорои сарватҳои беназири табиист, ҳамчунин, барои фаъолияти муназзами соҳибкорӣ ва таъмини амнияти сармоягузорӣ пойгоҳи муътамади қонунӣ фароҳам оварда шудааст. Тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ 70 намуди имтиёз ва 240 сабукӣ муқаррар гардидаанд”.
Ба гуфтаи ӯ “сармоягузорони арабӣ имкон доранд, ки дар самтҳои гидроэенергетика, оби тозаи нӯшиданӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт бо назардошти захираҳои фаровон бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории густурда намоянд”
Бадр Муҳаммад ал — Бодӣ, директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ мегӯяд, сармоягузорони ин кишвар бештар дар самтҳои авиатсия, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва занбӯриасалпарварӣ ба ҳамкории муштарак бо соҳибкорони тоҷик ҳавасманданд. Ӯ ба ин назар аст, ки ҷиҳати амалигардонии барномаҳои дарозмуддат дар соҳаҳои мазкур беҳбудӣ бахшидани ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ зарур аст.