Categories Хабарҳо

Қурби доллар аз 9 сомонӣ гузашт. Роҳ то куҷост?

Бори аввал дар Тоҷикистон қурби доллар аз марзи 9 сомонӣ убур кард. Бонки миллӣ барои имрӯз қурби 1 доллари ИМА-ро 9,01 сомонӣ муқаррар кардааст.

Бонкҳо қурби хариди долларро 9,02 ва фурӯшашро 9,03 муқаррар кардаанд, вале харидани асъори асосии ҷаҳон аз бонкҳо тақрибан ғайриимкон аст. Бонкҳое чун “аввалин бонки молиявии хурд”, “Казкомерсбонк” ва “Спитамен” барои фурӯш доллар доранд, вале барои ҳар муштарӣ аз 50 то 200 доллар медиҳанд. Он ҳам на ҳар рӯз. Рӯзҳое ҳам, ки мефурӯшанд, баъди нисфирӯзӣ одатан доллар “тамом мешавад”.

Дар Тоҷикистон наздик ба як сол аст, ки камбуди шадиди пули амрикоӣ ба миён омадааст. Бонки миллӣ ин равандро чанд бор муваққатӣ эълон кард, вале нишонаҳое аз беҳтар шудани вазъ дида намешавад.

Абдурозиқ, як соҳибкори хурд, ки хостааст 300 доллар харидорӣ кунад, ба 5 бонк рафта, ҳамагӣ 50 доллар пайдо кардааст. Баъд маҷбуо шудааст онро аз бозори сиёҳ бо қурби 930 сомон барои 100 доллар харидорӣ кунад. “Мисли маводи мухаддир мефурӯшанд” — гуфт ӯ дар бораи тарзи фурӯхтани доллар дар бозори сиёҳ. Яъне хеле бо хавфу эҳтиёт.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масолили иқтисодӣ мегӯяд “қурби сомонӣ аз тарафи давлат бо зӯр нигоҳ дошта мешавад. Вале рӯзе мерасад, ки дигар зӯри давлат ба ин кор нахоҳад расид”.

Ба андешаи ӯ вақте замони пардохти қарзҳои калони Тоҷикистон фаро расид, дигар нигоҳ доштани қурб ғайриимкон мешавад: “Ҳоло қарзҳои хориҷиашро Тоҷикистон бештар бо гирифтани қарзи нав пардохт мекунад. Вале рӯзе ин аҳром (пирамида) фурӯ хоҳад рехт. Ин танҳо масъалаи вақт аст. Дар ин сурат кишвар маҷбур мешавад барои пардохти қарзи хориҷӣ асъорро аз бозори дохилӣ харад, вале бо қурби муайянкардаи Бонки миллӣ дарёфти маблағҳои бузург ғайриимкон аст. Инчунин давлат маҷбур мешавад мошини пулчопкуниро ба кор дарорад. Ин омилҳо боиси уфти бошиддати қурби пули миллӣ гардида, вазъи бозори пулро комилан тағйир хоҳанд дод. Дар ин сурат имкони рушди бошиддати бозори сиёҳ бештар ва аз назорати давлат берун рафтани қурби асъор фароҳамтар мешавад”.

Ба беҳтар шудани вазъи камбуди доллар ҳам ӯ бо шубҳа менигарад: “Қисмати асосии асъори хориҷӣ тавассути муҳоҷирон ворид мешавад. Ҳеҷ нишондиҳандае, ки ин воидшавӣ бештар хоҳад шуд, дида намешавад. Вазъи торафт бадшавандаи иқтисоди Русия, ташдиди қонунҳои муҳоҷират дар ин кишвар ва ҳиҷрати беш аз ҳарвақтаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатман ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир карда, аз ҷумла кишварро ба камбуди бештари асъори хориҷӣ мувоҷеҳ хоҳанд кард. Интиқоли асъор аз тарафи муҳоҷирон торафт камтар мешавад ва имсол ин камшавӣ бештар эҳсос хоҳад шуд.”    

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *