Рубрики Хабарҳо

Ҳукми 25 соли зиндон ба Эшони Қиёмиддин

Қиёмиддин Ғозиев, маъруф ба Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ё Эшони Қиёмиддин аз тарафи додгоҳ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин рӯҳонии 66 сола бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ — «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ», «хиёнат ба давлат» ва «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ» муттаҳам шудааст.

Мурофиаи додгоҳии Эшони Қиёмиддин пушти дарҳои баста ва бе ширкати наздикони ӯ доир шудааст. Маълум нест худи ӯ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба иттиҳомоти ҷониби айбдоркунӣ эътироф кардааст ё на.

Эшони Қиёмиддин дар авоили солҳои 90-и асри гузашта, замони тазоҳуроти густарда, яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам дода буданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуд. Баъди рафтанаш ба Эрон аз сиёсат даст кашид ва дар борааш маълумоте тақрибан нашр намешуд.

Эшони Қиёмиддин дар моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Истирдоди ӯ бидуни мурофиаи додгоҳӣ ва бо як тарзи мармуз сурат гирифт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо зиёиён ӯро ба қабули мазҳаби шиъа ва дарёфти маблағ аз Эрон муттаҳам кард:  “Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст».

Эшони Қиёмиддин давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард ва агар умр барояш вафо кард, замони озодиаш 91 сол хоҳад дошт.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *