Фармондеҳи нерӯи ҳавоии ИМА изҳор дошт, ки музокироти вузарои хориҷа ва дифоъи ин кишвар бо Туркия дар хусуси хариди сомонаи дифоъи мушакии С-400 аз Русия идома дорад.
Ҳадар Вилсон, фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Амрико дар ҳамоише бо унвони «Тақвияти иттиҳодҳои Амрико» дар Шӯрои Атлантик дар Вашингтон дар посух ба саволе мабнӣ бар хариди сомонаи дифоъи мушакии С-400-и Русия аз сӯи Туркия гуфт: дар ин замина нигарониҳои амалиётӣ вуҷуд дорад, ки вазоратхонаҳои хориҷа ва дифоъи Амрико дар ин хусус бо Туркия дар ҳоли музокира ҳастанд.
Вай дар идома изҳор дошт: «Истиқрори ҷангандаҳои пешрафта дар Туркия ба лиҳози мавқеият мушкилоти амалиётӣ ба думбол дорад. Туркия узв НАТО аст ва ҳамчунин ҷангандаҳои амрикоӣ, аз ҷумла F-35 низ дорад.
Туркия шарик дар сохти ҷангандаҳои насли ҷадиди F-35 аст, аммо намехоҳем, ки ин ҷангандаҳо дар наздикии сомонаҳои С-400 қарор дошта бошанд. Дидорҳои Амрико бо Туркия идома дорад ва умедворем пеш аз таҳвили ин сомонаҳо ин мушкилот ҳал шавад.»
Вилсон дар посух ба ин савол, ки «оё хариди сомонаи С-400 тавассути Туркия мушкиле дар эътилофи НАТО эҷод хоҳад кард» гуфт: «на, ман чунин фикр намекунам. Ман ба таври мустақим ин масоилро ба НАТО рабт намедиҳам. Мо ҳамеша мехоҳем муттаҳидона мо дар НАТО таҷҳизотеро таҳия кунанд, ки ба иттиҳоди мо осеб ворид накунад.
Ин мушкил дар ҷойҳои дигар низ вуҷуд дорад, ки Амрико низ бахше аз он мушкилот аст. Барои мисол бархе аз кишварҳои муттаҳид, ки мехоҳанд паҳпод харидорӣ кунанд, ки мо ба далоиле наметавонем ба онҳо бифурӯшем. Ба ҳамин далел онҳоро водор ба хариди ин паҳпод ва таслиҳот аз Чин мекунем».