Categories Хабарҳо

Охундзода: на ҷаҳони куфр моро ба расмият мешиносад, на кишварҳои исломӣ

Раиси хабаргузории “Бохтар”-и Афғонистон ба нақл аз суханони Ҳайбатуллоҳ Охундзода менависад, ки ҳукумати Толибонро “на ҷаҳони куфр ба расмият мешиносад ва на кишварҳои исломӣ”. 

Бо гузашти наздик ба ду сол аз рӯйи кор омадани Толибон, ҳукумати ин гурӯҳро ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст. 

Ин суханони Ҳайбатуллоҳ Охундзода зоҳиран ҳудуди даҳ рӯзи пеш дар ҷаласаи ӯ бо раисони вилояти иттилоот ва фарҳанг гуфта шуда, вале Абдулвоҳид Раён, раиси хабаргузории Бохтар онро дар сафҳаи твиттерии худ тоза пахш кардааст. 

Раён ба нақл аз раҳбари Толибон навиштааст: “маншури ҷаҳон ин буд, ки ҳокими Кобул ба расмият шинохта шавад, аммо имрӯз, ки Аморати исломӣ бар ҳама кишвар ҳукмфармо аст, илова бар ҷаҳони куфр, кишварҳои исломӣ низ онро ба расмият намешиносад.” 

Ҳайбатуллоҳ Охундзода бидуни ишора ба интиқодҳои ҷаҳонӣ мабнӣ бар табъиди ҷинсиву қавмӣ гуфта, ки баъзе афрод барои мардумсолорӣ ҳама чизро фидо мекунанд, аммо Толибон бояд дар баробари фишори Ғарб таслим нашавад ва мубориза кунад. 

Раён ҳамчунин ба нақл аз суханони Ҳайбатуллоҳ Охундзода оварда, ки Амрико ва Созмони милал ҷаҳонро “гаравгон” гирифта ва бидуни дастури онҳо ҷаҳон коре наметавонад. 

Дар суханони Охундзода таъкид шуда, ки ин гурӯҳ дар “таомул”-и худ ба шариат бояд такя кунад. Агарчи манзур аз “таомул” дар ин суханон мушаххас нашуда, вале зоҳиран ба назар мерасад, ки манзури ӯ таомул бо ҷомеаъи байналмилалӣ бошад. 

Дар суханони мансуб ба раҳбари Толибон ба аъзои ин гурӯҳ тавсия шуда, ки ба думболи аҳдофи худ бошанд то ба сарнавишти муҷоҳидин пас аз пирӯзӣ бар русҳо гирифтор нашаванд. Ў таъкид карда, ки аъзои Толибон даст ба “бидъат” ва “умури нописанд” назананд ва мутобиқи аҳкоми Қуръон ва суннат ҳукумат кунанд. 

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки Толибон бояд дар истихдоми кормандон ба ҷойи “рафоқат” ба “шоистагӣ”-и онҳо таваҷҷуҳ кунад ва талош накунанд, ки аз қудрат истифодаи шахсӣ кунанд. 

Бар пояи суханони мансуб ба раҳбари Толибон, ин гурӯҳ бояд таърихи “ҷиҳод” алайҳи Англис, рус ва Амрикоро барои наслҳои оянда сабт кунад, чаро, ки ба гуфтаи ӯ, бо хондани таърих нерӯи имон бештар мешавад. 

Раҳбари Толибон гуфта, ки ба вазорати ҳаҷ ва авқоф дастур дода, ки барои он идда аъзои ин гурӯҳ, ки гуфта шуда дар “дашти лайлӣ” дар Ҷузҷон кушта шуданд, бинои ёдбуд ва масҷид бисозад ва дар майдони ҳавоии Шӯроб дар Ҳилманд ҳам санги навиштае ба номи онҳо таҳия кунад. 

Дар суханони мансуб ба раҳбари Толибон ба як мавзӯъи ҳассоси дигар ҳам ишора шуда: вожаҳои “бегона”-ро ба кор набаред. Пештар вазорати таҳсилоти олии ин гурӯҳ шуморе аз вожагони форсиро феҳрист карда ва корбурди онҳоро мамнуъ карда буд, ки вокуниши форсизабонони кишварро дар пай дошт.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *