Дар идомаи танишҳо миёни Арманистону Озарбойҷон рӯзи сешанбе даргириҳои тозае дар марзи миёни ду кишвар рух дод, ки ба кушта шудани чанд сарбоз аз ҳар ду тараф расонд.
Вазорати дифоъи Арманистон зимни таъйиди даргириҳо гуфтааст артиши Озарбойҷон ба самти сарбозони арманӣ, ки дар хоки худ машғули корҳои таъсисотӣ будаанд тир андохтааст. Ереван мегӯяд ин тирандозӣ дар ҳудуди 3 километрии марз сурат гирифтааст. Вазорати хориҷаи Боку аммо муддаӣ аст, ки аввал сарбозони арманӣ будаанд, ки тирандозиро оғоз кардаанд.
Ҳар ду тараф мегӯанд дар асари ин табодули оташ чандин сарбоз кушта ва захмӣ шудаанд аммо ҳеҷ кадом омори дақиқи теъдоди талафотро эълом накардаанд.
Ин рӯёрӯйӣ ба думболи моҳҳо таниш миёни ду кишвар бар сари садгузории ягона ҷодае, ки Арманистонро ба Қарабоғи кӯҳистонӣ пайваст мекунад сурат гирифтааст. Боку пас аз ҷанги Қарабоғ ин масирро баста ва ба Арманистон иҷоза намедиҳад аз ин масир истифода кунад.
Минтақаи даргирӣ дар тӯли коридори Лочин қарор дорад, роҳе, ки ба Қарабоғи Кӯҳӣ пайваст мешавад.
Ин минтақа дар соли 1994 пас аз як ҷанги ҷудоиталбона, таҳти контроли нерӯҳои армании худмухтори таҳти ҳимояти Ереван қарор гирифт. Аммо дар соли 2020 ва пас аз як ҷанги шашҳафтаӣ нерӯҳои Боку тавонистанд контроли бахшҳое аз Қарабоғи Кӯҳиро ба даст бигиранд. Аз он замон Русия нерӯи ҳофизи сулҳ ба минтақа эъзом карда, ки вазифаи он ҳифзи назм ва ҳифозат аз коридори Лочин будааст.
Аммо дар моҳи декабр, тазоҳуркунандгоне, ки муддаӣ буданд фаъолони муҳити зист ҳастанд, шурӯъ ба масдуд кардани ҷода намуданд ва иддао карданд, ки Арманистон дар ҳоли истихроҷи ғайриқонунии маъдан дар минтақа аст.
Арманистон муддаӣ аст, ки эътирозот тавассути Боку созмонедеҳӣ шудааст. Боку низ ба навбати худ муддаӣ аст, ки арманиҳо аз ин коридор барои интиқоли мин ба Қарабоғи кӯҳистонӣ бо нақзи шароити оташбас истифода мекунад.