Рубрики Хабарҳо

Нитонёҳу дар соли 2011 қасди ҷанг бо Эронро доштааст

Раиси собиқ МОССАД эълом кард, ки нахуствазири Исроил дар соли 2011 ба артиши кишвараш дастури ҷанг бо Эрон додааст.

Тамир Пардо, раиси собиқи созмони иттилооти Исроил МОССАД дар гуфтугӯ бо яке аз шабакаҳои телевизионии ин кишвар эълом кард: Бинёмин Нитонёҳу дар соли 2011 ба артиш дастури ҷанг бо Эрон дар арзи 15 рӯзро иблоғ карда буд.

Пардо бо баёни ин, ки Нитонёҳу дар мавриди ин дастур бисёр ҷиддӣ буд, гуфт: мӯътақидам ин дастур дар канори ҷанг бо Эрон эъмоли фишор бар Эрон аз тариқ Амрико буд.

Эҳуд Барак, нахуствазир ва вазири дифоъи собиқи Исроил низ зимни ишора ба ин мавзӯъ изҳор дошт, ки Нитонёҳу дар хилоли солҳои 2010 ва 2011 хостори бомбаборони Эрон буд, аммо ин амр бо мухолифати мақомоти аршади низомии ин кишвар мувоҷеҳ шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *