Рубрики Хабарҳо

ММД Тоҷикистон 8,7% рушд кардааст?

Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2021 ба 39,9 миллиард сомонӣ, беш аз 3,5 миллиард доллар расид ва афзоиши воқеӣ 8,7% -ро ташкил додааст.

Дар ин бора дар як ҷаласаи васеъ оид ба таҳлили вазъи низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали сол ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон гузориш дода шуд.

Ҳоким Холиқзода, роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон  зимни суханронӣ дар назди иштирокчиёни ҷаласа қайд кард, ки такмили идоракунии корпоративӣ нишондиҳандаҳои молиявӣ, доираи хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин сатҳ ва сифати хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзиро боз ҳам беҳтар намуд.

Холиқзода афзуд, «ин омилҳо ба он мусоидат карданд, ки ташкилотҳои молиявӣ нимсолаи аввалро бо фоидаи 267,6 миллион сомонӣ ҷамъбаст карданд, ки ин нисбат ба як соли қабл 76,6% зиёдтар аст. Даромаднокии дороиҳои низоми бонкӣ дар ин давра 2,5% ва фоидаи сармоя 11,5% -ро ташкил дод.”

Роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон инчунин гуфт, ки бо вуҷуди бозхонди литсензияҳои ду бонк (Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк), бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 9,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 17,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар нимаи аввали соли 2021 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 6,5 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64% зиёдтар аст.

Аммо коршиносон ба рақамҳои ироамекардаи мақомоти давлатӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд дасткорӣ дар тамоми соҳаҳо бо ҳаҷми бузург вуҷуд дорад. Чанде аз чунин дасткориҳо қаблан ифшо ва расонаӣ шуда буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *