Рубрики Хабарҳо

Барканории беш аз 10 имомхатиб дар Тоҷикистон

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз даҳ имомхатибро аз мақомҳояшон барканор кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти ин кумита, дар ин давраи санҷишӣ ҳудуди 270 нафар аз имомхатибонро дар бар гирифта, барканории иддае аз онҳо дар пайи санҷиши донишҳои динӣ ва сиёсии онҳо сурат гирифтааст.

Санҷиши донишҳои имомхатибони аз ҷониби аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин гузаронида шудааст. Аммо то кунун шумори касоне, ки аз ин санҷишҳо бо муваффақият гузаштаанд, маълум нест ва Кумитаи дин ҳам то ҳол натиҷаҳои онро эълон  накардаанд.

Санҷишҳои имомхатибони Тоҷикистон дар охири соли 2017 баргузор гардида, натоиҷи он ба ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар дар рӯзҳои аввали соли 2018 фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, санҷишҳои имомхатибони кишвар аз соли 2009 оғоз гардида, ҳамасола дар охири сол баргузор мегарданд ва яке аз ҳадафҳои аслии онҳо барканор кардани баъзе аз имомхатибонест, ки намехоҳанд тамоми дастуру супоришҳои ҳукуматро аз минбарҳои масоҷид иҷро кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *