Рубрики Хабарҳо

Додситонии кулли Тоҷикистон ба тафтиши тасмими Бег Сабурӣ шурӯъ кардааст

Як комиссиюни давлатӣ, ки ба он намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам шомил ҳастанд, ба тафтиши сабабҳои баста шудани NGN дар кишвар шурӯъ кардааст.

Додситонӣ бо ирсоли як мактуб аз ширкатҳои интернетрасон аз қабили «Точиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Таджикистан», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истеру», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» талаб кардааст сабабҳои баста шудани NGN ва усули кори ин шабакаро шарҳ диҳанд.

Комиссиюни давлатӣ дар ҳоле саббаҳои баста шудани NGN-ро тафтиш мекунад, ки Хадамоти алоқа бо баҳонаи таҳдид ба амнияти миллӣ 18 декабр супориш дод ширкатҳо фаъолияти онро қатъ кунанд.

Ин тасмими Хадамоти алоқа вокунишҳои зиёде дар пай дошт. Аз ҷумла чанд нома навишта ва барои ҷамъи имзоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд. Масъулин ҳам сабаби таъсиси ин комиссиюнро норозигӣ ва шикояти мардум аз тасмими Бег Сабурӣ гуфтаанд.

Раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст паёмакрасонҳоро ҳам аз қабили Viber, WhatsApp, IMO ва ғайра масдуд кунад. Ҳоло таъсиси комиссиюни давлатӣ дар ин тасмими Хадамоти алоқа чӣ таъсире хоҳад дошт, рӯзҳои аздик маълум мегардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *