11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қирғизҳо боз марзбонони тоҷикро боздошт карданд. Ин дафъа бо мусодираи силоҳ (Навор)

Бегоҳи дирӯз, 4 июн дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон, ки бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст, се марзбони тоҷик аз тарафи марзбонони қирғиз боздошт ва ба қаламрави Қирғизистон бурда шуданд.

Ин боздошт дар натиҷаи муноқиша байни марзбонҳои тоҷику қирғиз сурат гирифтааст, ки наздик ба тирпарронӣ ба сӯи ҳамдигар шудаанд.

Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро «иғво»-и навбатии аз пеш барномарезишуда номиданд.

Аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро гунаҳкор мекунад. Ин ниҳод дар иттилоияи расмиаш гуфтааст, бегоҳи 4 июн, соати тақрибан 17 марзбонони тоҷик шаҳрвандони Қирғизистонро, ки дар қитъаи «Майдони футбол» бозор дуруст карда буданд, ронданд. Баъди ин ҳодиса гурӯҳи марзбонони қирғиз ба он ҷо омада, бархӯрди марзбонони тоҷик ба шаҳрвандони Қирғизистонро таҳқир ҳисобида, бо марзбонҳои тоҷик вориди муноқиша шуданд.

Марзбонҳои қирғиз он маконро қаламрави Қирғизистон номида аз ҳамтоёни тоҷикашон талаб кардаанд он маконро тарк кунанд. Баъди иҷро накардани ин талаби қизғизҳо аз тарафи тоҷикон, марзбонони қирғиз тоҷиконро иҳота ва халъи силоҳ карданд.

Бори аввал нест, ки марзбонону шаҳрвандони тоҷик ба ин шакл таҳқир мешаванд. Қаблан дар як наворе, ки шаҳрвандони Қирғизистон нашрк крада буданд, дида мешуд, ки афроди ғайринизомӣ шаҳрвандони тоҷикро мехоҳанд дастгир карда, халъи силоҳ кунанд.

Дар муноқишаҳое, ки байни қирғизҳову тоҷикон сурат мегирад, мақомоти Тоҷикистон бештар шаҳрвандони тоҷикро гунаҳкор  ва ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик се марзбон баъди гуфтугӯи ду ҷониб озод шуда ба ҷои хидматашон баргаштаанд.  

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 5 июн бо нашри як изҳороти вижа масъулияти муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро ба дӯши марзбонони қирғиз партофт ва гуфт, таҳлили гузоришҳо ва видеоҳои нашршуда дар бораи муноқишаҳои 4 моҳи охир дар ин марз нишон медиҳад, ки «сокинони маҳаллӣ ва ҳатто марзбонони қирғиз чандин бор бо амалу ниятҳои иғвогаронаи худ марзбонони тоҷикро ба амалҳои истисноӣ маҷбур мекунанд.”

Бино ба ин изҳорот, аз видеҳои нашркардаи худи қирғизҳо дар бораи муноқишаи шоми 4 июн низ дида мешавад, ки «ин муноқиша аз пеш аз ҷониби Қирғизистон нақша кашида шуда, аввал ба сӯи ҳаво марзбонҳои қирғиз тир холӣ карданд. Марзбонони тоҷик ягон вайт барои сокинони маҳаллии Қирғизистон мушкилот эҷод накардаанд ва намекунанд.”

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки се марзбони боздоштшудаи тоҷикро алакай ҷавоб додаанд, вале дар бадани онҳо осори латукӯб дида мешавад.

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни изҳороташ ҷониби Қирғизистонро айбдор мекунад, ки «бар хилофи тавофуқот, ба сурати яктарафа ба амалҳои иғвогарони худ дар қитъаҳои аломатгузориношудаи марз идома медиҳад. Чунин амалҳои сокинони Қирғизистон вазхро ба ҳам ҳада, заминаи вуқӯи муноқишаҳои марзӣ бо ширкати сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва низомиёни ниҳодҳои марзбонии ду ҷониб мешаванд.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан марзбонҳои тоҷикро дар муноқишаи шоми 4 июн гунаҳкор кард ва гуфт, онҳо вориди минтақаи баҳсӣ шуда, монеи савдои шаҳрвандони қирғиз дар бозори мавсум ба «Майдони футбол” дар марзи ноҳияи Лайлак бо ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *