Дар як ҳамлаи муваффақ ба корхонаи таъмири киштиҳо дар Севастопол, маркази нимҷазираи Крим, нерӯҳои укроинӣ ду киштии Нерӯҳои баҳрии Русияро тарконданд. Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, ҳадди ақал яке аз ин киштиҳо комилан корношоям шуда ва қобили таъмир нест.
Гуфта мешавад нимашаби гузашта дар корхонаи таъмири киштиҳо дар бандари Севастопол ҳади ақал 8 таркиш ба вуҷӯъ пайваст. Мақомоти Русия исобати чанд мушак ба корхонаи таъмири киштиҳоро эътироф карда, гуфтанд дар паи ин ҳамла ду киштии низомӣ осеб дидаанд.
Аммо дертар манобеъи зиёде бо нашри аксу навор гуфтанд яке аз ин киштиҳо, ки киштии десантбари “Минск” буда, комилан тахриб шудааст. Киштии дигаре, ки ба он ҳамла шуда ва ҳанӯз сатҳи тахрибаш маълум нест, зердарёие бо номи “Ростов на Дону” гуфта мешавад.
Сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии Укроин Николай Олешук соате пас аз ҳамлаҳо тасдиқ кард, ки зарба ба киштиҳои русӣ дар Крими ишғолшуда аз ҳавопаймо зада шудааст. Зоҳиран бо барқарории нерӯҳои ҳавоияш Укроин ба истифодаи ҳавопаймоҳо дар ҳамлаи ҷавобӣ ба нерӯҳои русӣ шурӯъ кардааст.
OSInt- таҳлилгар H. I. Sutton бар ин назар аст, ки киштии зердарёии мунҳадимшуда аз гурӯҳи киштиҳои пружаи 636 аст, ки барои партоби мушакҳои болдори “Калибр” модернизатсия шуда буданд ва маҳз аз ҳамин киштиҳо Русия барои партоби мушакҳо аз баҳр истифода мекард.
Таҳлилгарон дар мавриди ҳамла ба киштии десантбари Русия мегӯянд ҳадафи ин ҳамла пешгирӣ аз десантпартоии ғосибон ба соҳилҳои Укроин нест — Русия дигар ин қудратро надорад. Онҳо мегӯянд Русия нақша дорад дар сурати аз даст додани роҳи оҳан, ки аз Токмак убур мекунад ва таъмини маводи сӯхт ва таслиҳоти навоҳии ишғолшудаи вилояти Запороже ва қисман Донетск тавассути он сурат мегирад, аз киштиҳои десантбар барои ин таъминот истифода кунанд.
Нерӯҳои укроинӣ дар чандкилометрии роҳи оҳани Токмак қарор доранд ва русҳо ҳам аллакай истифода аз онро хеле камтар кардаанд, чун аз ҳамлаи ҳавоии укроиниҳо ба қаторҳояшон хавф доранд. Агар укроиниҳо муваффақ ба буридани ин хати роҳи оҳан шаванд, бахши бузурге аз манотиқи ишғолшуда аз тарафи Русия аз таъмини заминӣ маҳрум мешавад.
Ҳоло русҳо шурӯъ ба барқарории роҳи оҳан аз бандари Мариупол кардаанд, то дар сурати аз даст додани Токмак сӯзишворӣ, силоҳу доруворӣ ва ғайраро барои нерӯҳояшон дар Запороже ва Донетск тавассути Мариупол ва бо истифода аз чанд киштии бузургии десантбар расонанд.
Укроиниҳо бошанд бо ҳамла ба ин киштиҳо мехоҳанд ин роҳи таъмини нерӯҳои ғосибро низ аз байн баранд ё ҳади ақал заъиф созанд.
Соли гузашта укроиниҳо бо як ҳамлаи муваффақомез флагман ё авангарди нерӯҳои баҳрии Русия дар Баҳри Сиёҳ — нови “Москва”-ро нобуд сохта буданд, яке аз бузургтарин зарбаи укроиниҳо ба нерӯҳои ғосиб қаламдод мешавад. .