Рубрики Хабарҳо

Хабари оҷил: Ҳамин ҳоло гурӯҳе аз ҷинояткорони ҳукуматӣ хонаи Шабнам Худойдодоваро сангборон карда истодаанд

Бо иттилоъи як манбаи Паём.нет гурӯҳе аз ҷинояткорони режими Раҳмон бо истифода аз наврасони мактабхон ва донишҷӯён ба хонаи Шабнам ҳуҷум бурдаанд ва онро сангборон карда истодаанд.

Манбаъ мегӯяд чанд нафар аз ин наврасону донишҷӯён бо лагад дарвозаи Шабнамро кӯфта истодаанд ва шояд аллакай онро шикаста бошанд. Худи Шабнам Худойдодова чанд дақиқа пеш ба хабарнигори Паём.нет гуфта буд, ки дирӯз гурӯҳи кормандони Кумитаи амният ва кормандони телевизиони Кӯлоб ба мактаб рафта ба наврасон амр кардаанд духтари ӯро латукӯб кунанд ва худашон онро наворбардорӣ кардаанд.

Шабнам мегӯяд духтараш ба хона бо сару рӯйи сиёҳу кабудшуда баргаштааст. Тафсили бештар ба зудӣ нашр мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *