Рубрики Хабарҳо

Қонун боз иваз шуд: фасод афзоиш ёфтааст

Мақомоти Тоҷикистон ба афзоиши фасод дар ду соли ахир дар кишвар эътироф карда, ба Кодекси ҷиноӣ боз тағйирот ворид карданд. Ҷазо дар шакли ҷарима лағв гашта, ҷои онро ҳабс гирифт.

Қаблан Созмони Шаффофияти байналмилалӣ  (Transparenсy International) мавқеъи Тоҷикистонро дар шохиси имсолаи фасоди молӣ байни 180 кишвари дунё аз ҷои 151 ба ҷои 161-ум поён бурда буд.

Маҷлиси намояндагон имрӯз, 13 июн бо гузашти ду сол ҷарима барои порагирӣ, порадиҳӣ ва таблиғи ришвадиҳиро аз Кодекси ҷиноии кишвар лағв кард. Ду сол қабл порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳ ба ҳамин қонун ба ришвахорон ҷазои пулӣ дао шакли 200 сомонӣ барои як рӯзи ҳабс муайян карда буд.

Мақомот эътироф карданд, ки таъйини ҷарима ба ҷойи зиндон боиси афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Тоҷикистоншудааст. Тоҳир Нурзода, муовини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, имрӯз дар ҷаласаи порлумон гуфт, “дар ду соли охир ҷиноятҳои марбут ба ришвадиҳӣ бештар шудааст. Ин муқаррарот барои бештар шудани чунин ҳолатҳо сабаб гардид.”

Ӯ гуфт бо пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид мақомот тасмим гирифтаанд ҷазои ҷаримаро барои ҷиноятҳои коррупсионӣ дубора аз қонун бардоранд.

Қабл аз ҷорӣ кардани ҷарима барои ришвахорӣ дар ду соли пеш, қонун барои ришвахорон аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *