Рубрики Хабарҳо

Моли дунё —«матоъул ғурур»ва «фазлуллоҳ»

Захираҳое, ки Худованд дар замин ба вадиъат гузоштаасту дар оянда низ ба вуҷуд хоҳад овард, барои бароварда сохтани тамоми ниёзҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос, ҷои истиқомат ва дигар чизҳое, ки инсон дар зиндагӣ ба онҳо эҳтиёҷ пайдо менамояд, кифоят мекунад.

Ислом ба гунаи раҳбонияте, ки истифода аз манофеъи дунё ва машғул шудан ба талаби рӯзиро намепазираду мухолафат меварзад, фаъолияту талош варзидан дар заминаи иқтисодиро мубоҳ медонад, ҳатто дар бисёре аз ҳолатҳо онро мустаҳаб ва ё воҷиб мешуморад. Вале бо вуҷуд, Ислом ҳамон гуна, ки иқтисодро мушкили асосии инсон намеҳисобад, пешрафти иқтисодиро низ ҳадафи ниҳоӣ барои инсон намедонад.

Бар ин асос, фарқи асосӣ байни иқтисоди исломӣ ва иқтисоди ғайриисломӣ (моддигароӣ иқ­тисоде, ки масдари раббонӣ надорад) маълум мешавад. Зеро иқтисоди моддигароӣ, зиндагӣ ва бароварда намудани эҳтиёҷоти нафсонӣ ва шаҳвониро мақсади асосӣ барои инсон медонад. Гузашта аз ин, сарвату хушгузарониро ҳадафи матлуб ва мақсади аслӣ дар ҳаёти инсонӣ мешуморад. Аммо иқтисоди исломӣ аз як тараф талаботи зиндагӣ ва касби рӯзиро аз умуре меҳисобад, ки инсон аз он бениёз шуда наметавонад ва аз ҷониби дигар иҷозат намедиҳад, ки зиндагии дунё ва талаботи он бузургтарин ҳадафу охирин хостааш бошад.

Аз ин лиҳоз мебинем, ки Қуръони карим дар як ҷониб раҳбониятро мазаммат намуда, аз тарафи дигар дастур ба ибтиғои фазлуллоҳ (талаби фазлу эҳсон ё ризқу рӯзӣ) медиҳад, аз тиҷорат ба “фазлуллоҳ” таъбир менамояд, аз мол ба “хайр”, аз ғазо ба “тайиботи мина-ар-ризқ”, аз либос ба “зинат-уллоҳ” ва аз хонаву кошона ба “сакан”-ро. Вале дар ҷониби дигар ҳаёти дунёро “матоъ-ул-ғурур” унвон намуда, онро дар бисёре аз оятҳо мавриди мазаммат қарор медиҳад.

Набояд инсон гумон кунад, ки байни ин ояҳои қуръонӣ зиддият ва ё таноқуз вуҷуд дорад, зеро дар моварои ин ояҳои дар зоҳир бо ҳам мухолиф сирре ниҳон аст. Ба ин маъно, ки Қуръони карим тамоми васоили зиндагиро мисли мароҳиле медонад, ки инсон дар роҳи расидан ба ҳадафи аслӣ ногузир бояд онро тай намояд. Ҳадафи аслӣ ва мақсади ниҳоии инсон, ҳамон ахлоқи фозилаи инсонист, ки заминаро барои ба даст овардани ризогии Худованд ва расидан ба саъодати абадӣ дар дунё ва охират омода месозад.

Ҳеҷ шакке нест, ки мушкили ҳақиқӣ ва мақсади ниҳоии инсон, ҳосил намудани чунин саодат мебошад, чун расидан ба ин мақсад, бе гузаштан аз роҳҳои пурхори ин дунё муяссар намешавад, инсон ногузир бояд барои пешбурди зиндагӣ, эҳтиёҷоти худро дар дунё ҳосил намояд. Пас модоме васоили зиндагӣ дар ҳаёти инсон ба монанди пуле қарор мегиранд, ки ӯро ба мақари ҳақиқияш мерасонад, ба “фазлуллоҳ”, “зиннатуллоҳ”, “сакан”, “хайр” ва “тайиботи мин-ар-ризқ” таъбир мешаванд. Аммо вақте инсон аз роҳ ва масири ҳақиқии худ берун ва дар завоҳири фиребандаи дунё ҷазб шавад, аз хоҳишоти беарзиш итоат намояду ин васоилро ҳадаф қарор дода, мақсади аслияшро фаромӯш намояд, дар он вақт ин васоил ба “матоъ-ул-ғурур”, “Ал-фитна” ва “Ал-ъадув”, чуноне Қуръони карим таъбир намудааст, мубаддал мешаванд.

Худованд ин маъноро дар Қур­ъон ба сароҳат баён намудааст:”Ва талаб кун дар он (дороие), ки Худо бароят додааст, салоҳу некии охиратро ва фаромӯш накун ҳиссаи худро дар дунё ва амали солеҳ ба ҷой ор ……(“Қасас”, 77).
Чунончи ҳоло дар акнофу атрофи ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, аксари мардум ба хотири фаромӯш намудан ва нодида гирифтани мақсади асливу ҳақиқӣ аз зиндагии дунё, дучори мушкилоти зиёд гардида, бо ҳам даргиранду якдигарро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Кишварҳои қудратманд, ба истилоҳ қудратҳои ҷаҳонӣ сарвату дороии дигар миллатҳоро ба ҳар баҳона ва ҳар роҳу васила ғорат мекунанд. Ин ҷост, ки молу дороии дунё сабаби ғуруру худхоҳӣ, фитна ва қатлу куштор ва душмани инсон қарор мегирад. Аз ин хотир, Худованд аз он ба “Матоъ-ул-ғурур”, “Ал-фитна”, “Ал-адув” таъбир менамояд.

Вақте сарватҳои ҷаҳон мавриди истифодаи номашруъ ва ҳадаф аз зиндагӣ бароварда шудани ғаризаҳои нафсонӣ қарор мегиранд, ҳама сарвату дороӣ қурбони он мегардад, мақсуди ҳақиқӣ аз зиндагии дунё, ки ҳамон саъодати дорайн аст, фаромӯш мегардад, инсон дастуроти Холиқашро пушти сар андохта, дар ниҳоят гирифтори бадбахтиҳои зиёде мегардад.
Т

аври маълум, бо вуҷуди ин ҳама пешрафт дар истеҳсолот ва кашфи захираҳои моддӣ, аксари мардум дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва рӯзона ҳазорҳо инсон аз гуруснагӣ фавт мекунад. Шояд бархе бар ин андеша бошанд, ки ба ҷиҳати зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар рӯи замин, захираҳои моддӣ ва маводи ғизоӣ дигар таъмингари зиндагии осоиштаи мардум шуда наметавонанд ва ин сабаб шудааст, ки бо ин ҳама мушкилот даст ба гиребон шавем.

Вале ин гуфтаҳо ҷуз хаёлоте беш нестанд ва назарҳои пучу беасоси нафароне мебошанд, ки аз холиқи мавҷудот фосила гирифта, қазоё ва масоилро бар асоси ақли ноқиси худ таҳлил мекунанд. Ин навъ андеша ва назар дар гузаштаи охирҳои асри 18 аз ҷониби яке аз попҳои инглисӣ матраҳ шуда, бо мурури замон ин даъват дар аввал дар Амрико интишор ёфт ва дар соли 1942 созмоне барои тарвиҷи он ҳам ташкил шуд. Ин созмон мардумро ба пешгирӣ аз ҳомилагӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он даъват мекард, то насли инсоният коҳиш ёбад. Сипас дар соли 1964 ин созмон дар Созмони Милали Муттаҳид низ узвият пайдо намуда, бахшҳои худро дар дигар кишварҳо, ҳатто дар кишварҳои мусалмоннишин созмон дода, ба тарвиҷу даъвати ин назария шуруъ намуд.

Аммо Ислом ва иқтисоди исломӣ ин назарияро ба куллӣ рад намуда, бо далоилу бароҳин исбот кардаанд, ки ин гуфтаҳо аз хаёлоте беш нестанд. Иқтисоди исломӣ бар ин бовар аст, ки захираҳое, ки Худованд дар замин ба вадиъат гузоштаасту дар оянда низ ба вуҷуд хоҳад овард, барои бароварда сохтани тамоми ниёзҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос, ҷои истиқомат ва дигар чизҳое, ки инсон дар зиндагӣ ба онҳо эҳтиёҷ пайдо менамояд, кифоят мекунад. На танҳо барои инсон, балки барои ниёзи ҳамаи мавҷудоти зинда басанда мебошанд.

Бинобар ин, агар сарвату дороӣ бар асоси он чи ки аз ҷониби Худованд нозил шудаву шариати Ислом баёнгари он аст, мавриди истифода қарор бигиранд, иншоаллоҳ, ҳамаи ин мушкилоту бадбахтиҳо бартараф хоҳанд шуд.

Исломҷон Саидов

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *