Рубрики Хабарҳо

«Атласи Хуҷанд»бо як корхонаи Самарқанд муттаҳид мешавад

Дар соли 2023 корхонаи «Атласи Хуҷанд» мехоҳад бо як корхонаи Самарқанд муттаҳид шуда, бо ҳам корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд Силк» -ро таъсис диҳанд. Хабаргузории Sugdnews бо истинод аз гуфтаи Азимҷон Ғафуров, директори ҶДММ «Атласи Хуҷанд», навиштааст, ки корхонаи «Атласи Хуҷанд» бо як корхона дар Самарқанд, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим машғул аст муттаҳид мешавад.

Гуфтанист,  «Атласи Хуҷанд» дар Тоҷикистон ягона корхонаест, ки аз соли 1931 ба ин сӯ бо роҳи нассоҷӣ ва саноатӣ атласу адрас истеҳсол мекунад.

То имрӯз қариб 70% тамоми корҳо дастӣ, 30%-и боқимонда бо техника иҷро карда мешавад.

Ҳоло дар корхона истеҳсоли 120 намуди атлас ва 34 намуди адрас ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола дар як баст зиёда аз 50 нафар мутахассисон 50 ҳазор метр матоъ истеҳсол мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *