Рубрики Хабарҳо

Ожонс: ғанисозии уран дар Эрон наздик ба сатҳи бомби ҳастаӣ аст

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ёфтани зарроти ураниум бо хулуси 84 дарсадии наздик ба силоҳи ҳастаиро таъйид кард. Вазири хориҷаи Эрон нисбат ба эҳтимоли ҳар гуна таҳарруки манфӣ дар чорчӯби нишасти моҳи марти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалӣ ҳушдор дод. 

Рафаэл Гросси, мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои нахустин бор ба таври расмӣ хулуси ураниуми 83.7 дарсад ғанишуда дар таъсисоти ҳастаии Эронро таъйид кард. Ин мизон аз сатҳи ғанисозии андаке камтар аз ғилзати 90 дарсад мавриди ниёз барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ аст. 

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар охирин гузориш дар заминаи барномаи ҳастаии Эрон эълом кард, ки мизони захоири ураниуми ғанишудаи Эрон 18 баробари сақфи мушаххасшуда дар тавофуқи ҳастаии Барҷом аст. 

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ожонси атомӣ дар гузориши ҷадиди худ баровард карда, ки мизони захоири ураниуми ғанишудаи то 20 дарсадии Эрон 434.7 килограмм дар қолаби гексафторидаи уран ва 37.7 килограм дар қолаби ашколи дигар аст. 

Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, ки мизони захоири ураниуми 60 дарсадии Эрон ба 87.5 килограмм расида, ки 48 килограми аз замони судури гузориши қаблӣ дар се моҳ пеш бештар аст. 

Ожонс мегӯяд дар ҳоли анҷоми ройзаниҳое бо Эрон дар бораи маншаъи зарроти ураниуми 84 дарсадии кашфшуда дар моҳи январ дар таъсисоти ҳастаии Фаридо аст. 

Дар гузориши Ожонси атомӣ тасреҳ шуда, ки Эрон тайи номае дар рӯзи 20 феврал дар бораи вуҷуди зарраҳои уран 83.7 дарсадӣ дар Фаридо гуфта, ки мумкин аст “тағирёбии нохоста дар сатҳи ғанисозӣ” иттифоқ афтода бошад. 

Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон пештар гуфта, ки гузориши ахири бозрасони Ожонс ношӣ аз “аҳдофи сиёси” аст. Ў дар айни ҳол иддао карда, ки “бар асоси тааҳҳудот дар подмонҳо ва муоҳидаи NPT Эрон ҳақ дорад, ки ғанисозиро бо ҳар дарсаде, ки бихоҳад анҷом диҳад.” 

Ҳушдори Амир Абдуллоҳиён ба Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалӣ 

Дар ҳоле, ки Ожинс бо қатъият мегӯяд, ки сатҳи ғанисозии ураниуми Эрон ба тавлиди бомби ҳастаӣ наздик шудааст, Амир Абдуллоҳиён дар конфронси халъи силоҳи Созмони милали муттаҳид дар Женева, нисбат ба эҳтимоли ҳар гуна “таҳаруки манфӣ” дар нишасти моҳи марти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалӣ ҳушдор дод ва гуфт: “Теҳрон ин ҳаққро барои худ маҳфуз медонад то посухи мутақобил диҳад.” 

Амир Абдуллоҳиён дар суханронии худ гуфт: “барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан сулҳомез аст ва сулҳомез боқӣ хоҳад монд.” 

Ӯ изҳор дошт, ки Эрон ба таври комил ба тааҳҳудоти худ таҳти мувофиқатномаи подмони ҷомеъ пойбанд аст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ афзуд: “мо дар рӯзҳои ахир шоҳиди ду марҳалаи сафари ҳайати фаннии Ожонс ба Эрон будаем ва аз мудири кулли Ожонси байналмилалии энергии атомӣ низ барои сафар дар рӯзҳои оянда даъват кардаем. Агар Ожонс рӯйкарди сиёсии худро канор бигузорад, ба роҳи ҳали фаннӣ бисёр наздик ҳастем.” 

Музокироти мутаваққифшудаи эҳёи Барҷом 

Музокироти ҳастаӣ бо ҳадафи эҳёи тавофуқи атомии Барҷом, ки Олмон низ дар он мушорикат дорад, аз моҳҳо пеш мутаваққиф шудааст. 

Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, рӯзи гузашта изҳороти Амир Абдуллоҳиён мабнӣ бар ирсоли паёме аз сӯи Вашингтон ба Эрон дар бораи “омодагии Амрико барои тавофуқи ҳастаӣ”-ро рад кард ва онро “дуруғ” хонд. 

Прайс дар нишасти хабарии рӯзи душанбе 27 феврал гуфт: “танҳо мақомоти эронӣ метавонанд бигӯянд, ки чаро ба гуфтани ин дурӯғҳо идома медиҳанд. Онҳо метавонанд ҳар ча қадар, ки мехоҳанд ин ҳарфҳояшонро такрор кунанд, аммо ин мавзӯъ воқеиятро тағйир намедиҳад.”  

Вазири хориҷаи Эрон ахиран дар мусоҳибае бо шабакаи “Ал-Олам” гуфта буд, ки Фоад Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ пас аз бозгашт аз Вашингтон, ҳомили “паёме” аз тарафи амрикоиҳо буда, бо ин мазмун, ки онҳо “барои ҷамъбандии тавофуқ омодагӣ доранд”. Ў ишораи бештаре ба мӯҳтавои ин паём накарда ва гуфта буд агар Амрико “воқеъбинона” бархурд кунад “фосилаи зиёде бо тавофуқ надорем”. 

Аммо мақомоти амрикоӣ чанд бор ҳам изҳор доштаанд, ки музокира барои эҳёи Барҷом аз дастури кори давлати Байден хориҷ шудааст ва ин мавзӯъ дар авлавияти онҳо нест. 

Прайс дар конфронси хабарии рӯзи душанбе бори дигар таъкид кард ва гуфт: “ман наметавонам ба ин пурсиш, ки чаро мақомоти эронӣ мумкин аст саъй дар фиреби бақияи ҷаҳон дошта бошанд посух диҳам, ин саволе аст, ки беҳтар аст аз худи онҳо пурсид.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *