Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи ширкати давлатии барқрасони Тоҷикистон — “Барқи Тоҷик” ба 14,7 миллиард сомонӣ ($1.61млрд) расидааст.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳар соли молиявиро бо зарарҳои бузург ба анҷом мерасонад. Ин боис шудааст, ки қарзи ин ширкат ба 15 мииллиард сомонӣ наздик шавад.
Новобаста аз тадобире, ки давлат гӯё меандешад, ҳаҷми зарарҳои “Барқи Тоҷик” сол то сол афзоиш меёбад. Барои мисол, тибқи аудите, ки ширкати Baker Tilly Klitou and Partners SRL дар соли 2016 гузаронида буд, зарари умумии “Барқи Тоҷик” дар ин сол 2,3 миллиард сомонӣ ($ 250 миллион) будааст.
Мутахассисон мегӯянд имкони зарар дидани “Барқи Тоҷик” хеле заъиф аст. Ягона сабабе, ки боиси зарар дидани ин ширкат мешавад, дуздиҳои бузарге аст, ки дар ин ширкат ҷараён дорад. Ин ширкат солҳост, ки ба яке аз манбаъҳои дуздии Оила табдил ёфтааст.
Чанд узви Оила бо чанд роҳ ин ширкатро ғорат мекунанд: Рустами Эмомалӣ бо фурӯши ғайрирасмии барқ ба Афғонистон, Ҳасан Асадуллозода бо фурӯши барқ ба Ӯзбекистон ва интиқоли маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъшуда ба ширкатҳои офшорӣ ва ғайра.
“Барқи Тоҷик” ҳарчанд бузургтарин ширкати қарздор аст, ягона нест. Қарзи умумии корхонаҳои давлатии Тоҷикистон, тибқи иттилои Вазорати энергетика ба 20,5 миллиард сомонӣ мерасад.
Корхонаҳои қарздор 32%-и шумори умумии корхонаҳои кишварро ташкил медиҳанд. Бештари чунин корхонаҳо дар соҳаҳои саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа фаъолият мекунанд.
Тибқи иттилои вазорат як соли охир ба корхонаҳо муяссар шудааст 30 дарсади қарзҳои худро кам кунанд. Ба ин рӯйхат “Барқи Тоҷик” шомил нест.