Рубрики Хабарҳо

Тайёрӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Саратоғ мардумро ба дод овардааст

Дар назар аст фардо, 23-юми июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истироҳат ба минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ сафар кунад. Тайёрӣ ба ин сафар,ки мақомоти ноҳия мебинанд, мардуми минтақаро ба дод овардааст.

Дар ноҳияи Айнӣ занону кӯдаконро се рӯз қабл аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъи Саратоғ барои истиқболи президент ҷалб карда, онҳоро гуруснаву ташна тамрин медиҳанд, иттилоъ медиҳад манбаъи Паём.

Ҳамзамон, мақомот дар Саратоғ бо мардум ва бахусус занону духтаракон аксаран бо таҳқиру тавҳин ва ҳақорат муносибат мекунанд, ки он хашми мардуми маҳаллиро ба бор овардааст.

Бар илова, занону кӯдаконеро, ки дар Саратоғ гирди ҳам ҷамъ кардаанд, ҳама хӯрду хӯрокашонош аз ҳисоби худи мардум муқаррар шудааст ва соатҳои тӯлонӣ дар майдон зери офтоби тафсон тарзи пешвозгирии президент, рақсу бозӣ ва шеъру сурудхониро ба онҳо талқин мекунанд.

Ба қавли манбаъ, дар Саратоғ, ки маконе барои чарогоҳ аст, ба ҷуз аз тавлиди таппак ва таппакхона сохтан чизи дигаре бо арзиштар нест.

Ба гуфтаи қисме аз сокинони ин ноҳия, ки занону фарзандонашон айни замон дар Саратоғ қарор доранд, дар ин рӯзҳо аслан ҳеч зарурате вуҷуд надорад, ки мардумро аз кор бе кор кард. Зеро дар кӯҳистон вақти кишту кор ва ҷамъоварии як қисми асосии маҳсулоти хӯрока аст, ва дар ин амр саҳми занону кӯдакон хеле зиёд мебошад.

Аммо занону кӯдакон ва бахусус мактабачагонро аз деҳаҳои дурдаст, ҳатто то 70 километр дуртар аз Саратоғ дар он ҷо ҷамъ карданд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *