Сарвазири Ӯзбекистон: Бо сохтакорӣ аз худ китобнавису унвондор тарошидан бас аст
Абдулло Орифов, Сарвазири Ӯзбекистон сифати пасти таҳияи китобҳои дарсии мактабҳои кишварашро, ки дар он ҳатто хонандагони мактаб хатогиҳо пайдо мекунанд, танқид кардааст.
Тавре Podrobno.uz хабар додааст, Орифов ин масъаларо зимни сӯҳбаташ бо тариқи видео-конфронс, ки ба тағйирёбии системаи маорифи давлатӣ ва такмили он мувофиқи талаботи замон нигаронида шуда буд, муҳокима кардааст.
Абдулло Орифов дар ин сӯҳбаташ ба мушкилоти китобҳои дарсӣ дахл карда гуфтааст, бояд ба китоб, ки манбаи муҳими таҳсилоти илмӣ аст, диққати махсус дода шавад. Агар китоби дарсӣ сифатноку дастрас бошад, омили асосӣ барои расидан ба ҳадафҳо хоҳад шуд.
«Дар солҳои охир ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ диққати махсус дода нашуда, балки бештар ба муаллифи он такя шудааст. Мутаассифона, замони нашри китоб чизи асосие, ки ба инобат мегиранд танҳо наздикии муаллифон бо ким кадом мансабдори баландпоя аст. Вазъият ба чунин дараҷа расид, ки на танҳо мутахассисон, балки ҳатто хонандагон хатогиҳо дар китобҳои дарсиро пайдо карданд. Агар мо пешрафти соҳаи маорифро мехоҳем, бояд ба шиносбозиву сохтакорӣ хотима бахшем. Минбаъд, бояд ҳеҷ кас натавонад бо сохтакорӣ аз худ китобнавису унвондор тарошида, ба соҳаи илму маорифи кишвар латма занад, Пеши роҳи ин амали нангин бояд гирифта шавад».- гуфтааст Орифов.
Ӯ афзудааст, барои интишори китобҳои нави таълимӣ дар муддати 2-3 соли охир маблағҳои ҳангуфт аз будҷаи давлатӣ сарф шудаанд. Дар ҳамин ҳол, барномаҳои фаннии илмҳои дақиқ — математика, химия, физика — бетағйир нигоҳ дошта мешаванд ва пӯшида нест, ки ин бештар ба манфиати муаллифон ва муассисаҳои нашриявӣ хизмат мекард.
Бино ба манбаъ, дар ин сӯҳбат сарвазири Ӯзбекистон диққати бештари худро ба китобҳои дарсӣ дода, барои ҷавобгӯ намудани маводҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, ба масъулин супоришҳои махсус додааст.
Танқиди сарвазири Ӯзбекистон аз камбудиҳои вазорати маорифи ин кишвар дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Ӯлуғбек Иноятов, вазири собиқи вазорати маорифи Ӯзбекистон бо тамоми муовинонаш бо сабаби хунукназарӣ дар фаолият аз вазифаашон сабукдуш карда шуданд.
Айни ҳол Шерзод Шерматов ба ҷои Ӯлуғбек Иноятов вазири нави вазорати маорифи Ӯзбекистон таин шудааст.