Рубрики Хабарҳо

Боздошт, тафтишот, ҳукм, ҳабс ва афв —бизнесе ки гардишаш садҳо миллион доллар аст 

Ҳабси шаҳрвандон дар Тоҷикистон соҳаи фарогири бизнесе аст, ки ҳазорҳо нафарро на танҳо мехӯронаду мепӯшонад, балки садҳо нафарро миллионер кардааст. Боздошт, бозпурсӣ, нигоҳдорӣ дар СИЗО, мурофиъаи додгоҳӣ, қарори додгоҳ, зиндон, боздид аз зиндониҳо, хӯрокрасонӣ ба онҳо ва билохира афв бо гардиши пулии садҳомиллиондолларӣ, зина ба зина “бизнес”-и қишрҳое аз мақомоти қудративу тафтишотиро мечархонад.

Дар Тоҷикистон додситонҳо, додрасҳо ва афсарони Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии мубориза бо фасод, Агентии мубориза бо маводи мухаддир, Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия ва чанд ниҳоди дигаре ҳастанд, ки бизнеси ягонаашон боздошту ҳабс ва нигоҳдории мардум дар зиндонҳост ва аз он миллионер шудаанд.  

Тибқи таҳлилҳо, дар Тоҷикистон солона ҳудуди 20 000 нафар боздошт ё бозпурсӣ мешаванд ва кори беш аз 80 дарсади онҳо дар марҳалаҳои аввал “ҳал мешавад”. Боқӣ ба зиндонҳо фиристода мешаванд, то охирин ҳалқа низ аз даромад маҳрум нашавад. “Бизнес”-и бештари ниҳодҳои зикршуда дар марҳалаи боздошти аввалия тамом мешавад. Кормандони  Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии мубориза бо фасод, Агентии мубориза бо маводи мухаддир афроди “гумонбаршуда”-ро боздошт мекунанд. Бештари ин афроди боздоштшуда танҳо дар он гумонбаранд, ки пул доранд. Пул доштан дар Тоҷикистон кофист, ки зери назари ин ниҳодҳо қарор гирӣ ва рӯзе бо иттиҳоме боздошт шавӣ. 

Баъди боздошт ва маъмулан латукӯбу шиканҷа, “гумонбар” бо пардохти маблағе вобаста ба шароити иҷтимоии худ озод мешавад. Ҳисоб кардани ҳаҷми ин маблағҳо комилан ғайриимкон аст, чун аз 300-400 доллар то миллионҳо доллар ҳам мерасад ва барои ҳар фард алоҳида, дар ҷараёни гуфтушунидҳои тӯлонӣ муқаррар мешавад. Барои мисол як мурғдузд метавонад бо 300 доллар ҷонашро халос кунад, аммо як соҳибкори муваффақ, як тоҷири маводи мухаддир метавонад миллионҳо доллар пардохт кунад. Паём номи чанд соҳибкореро дар даст дорад, ки ба раҳбарони ин ниҳодҳо, бахусус КДАМ ва ВКД беш аз миллион доллар пардохт кардаанд. 

Марҳалаи дуввуми ин бизнеси бузург баъди ифтитоҳи парванда шурӯъ мешавад, ки ин марҳала асосан ба додситонҳо таъаллуқ мегирад, ҳарчанд гоҳе дар утоқҳои ниҳодҳои фавқуззикр ҳам хатм мешавад. Харҷи нафаре, ки дар марҳалаи аввал натавонист ҷонашро раҳо кунад, дар марҳалаи дуввум чанд баробар мешавад. Барои мисол якеро бо иттиҳоме боздошт карданду 1000 доллар талаб карданд. Агар ӯ бо кадом сабабе — натавонист маблағ пайдо кунад, фикр кард бегуноҳ асту наҷот меёбад, дилаш ба пулаш сӯхт… ба марҳалаи дувум мегузарад ва маҷбур мешавад 3-4 ҳазор пардохт кунад, то парвандааш ба додгоҳ наравад. Рӯирост мегӯянд, ки акнун “нонхӯрҳо” зиёдтар шудаанд. Ва ин гурӯҳи нонхӯрҳо, ки асосан додситонҳо ҳастанд, иштиҳояшон ҳам бамаротиб бузургтар аст.

Марҳалаи севум нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО аст, ки ҳарчанд хароҷоташ мисли дигар марҳалаҳо нест, азобаш сахту сангин аст. Дар СИЗО боздоштшудаҳо бояд ҳаррӯза маблағи муайянеро пардозт кунанд. Дар сурати сар нафаровардан шиканҷаҳоеро мутаҳаммал мешаванд, ки асараш то охири умрашон боқӣ мемонад. Ҳамчунин барои ҳар ҳаракат — баромадан ба ҳафои тоза, дарёфти хӯрок аз наздикон, занги телефонӣ, иваз кардани либос, оббозӣ ва ғайра бояд маблағеро пардохт кунанд. 

Марҳалаи ҷаҳорум баррасии парванда дар додгоҳ аст. Агар “гумонбаршуда” натавонист бегуноҳияшро назди милисаву амниятиҳо ва додситон бо иҷрои дархости онҳо “собит” кунад, парвандааш ба додгоҳ меравад ва на танҳо харҷаш бештар мешавад, балки шонси ба озодӣ баромаданаш тақрибан баробар ба сифр аст. Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон танҳо як нафарро додгоҳ сафед кард, ки натиҷааш парвандакушоӣ алайҳи худи додрас гардид.  

Дар ин марҳала ба “гумонбаршуда” асосан як шарт гузошта мешавад: ё фалон миқдор пардохт мекунӣ (4-5 баробари маблағе, ки баъди боздошт милисаҳо ё амниятиҳо талаб карда буданд) ва 3 сол зиндон мешавӣ, ё 10-12 сол. Сабаби аслии боло будани ҳаҷми “хароҷот” дар ин марҳала ин аст, ки аз он бояд ҳади ақал намояндаи се ниҳод даромад гиранд — додситон, додрас ва вакили дифоъ. Вакилони дифоъ ҳарчанд “мусичаҳои бегуноҳ” менамоянд, чандон бегуноҳ ҳам нестанд. Гоҳе “ҳақ”-и онҳо аз “ҳақ”-и додситону додрас бештар аст. Ӯ бо онҳо ҳаҷми маблағро маслиҳат карда ба наздикони гумонбар мерасонад ва аз инсофаш вобаста аст, ки чӣ қадар ба болои он ду маблағ “ҳақ”-и худашро мегузорад. Барои мисол як вакили дифоъ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз се хешованди худаш дар парвандаи аштиҳо 2-ҳазордолларӣ гирифтааст.   

Марҳалаи панҷум зиндон аст. Инҷо ҳам барои на танҳо ҷои хобу гирифтани хӯрок аз наздикон ва вохӯрӣ ба онҳо, балки ҳатто барои ҷалби назари масъулони зиндон бояд пардохт кунанд. Нигоҳдории як маҳбус барои буҷаи давлат моҳона ҳудуди 20 долар тамом мешавад, аммо барои наздиконаш на камтар аз 200 доллар. Хароҷоти афроди сарватманд то 500 — 1000 доллар дар моҳ мерасад.

Марҳалаи шашум афв аст, ки ба масъулин вобаста аз ҳаҷми он даҳҳо миллион доллар даромад меорад. Ҳаҷми даромад аз ин “бизнес” ба ҳаде бузург аст, ки яке аз корчаллонтарину қудратмандтраин бизнесвусенҳои кишвар — духтари раисҷумҳур ва раиси Дастгоҳи ӯ Озода Раҳмон онро монополия кард. Минбаъд ба афв танҳо онҳое шомил мешаванд, ки намояндаи Озода дар Комиссиюн оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди раисҷумҳур Фирдавс Ҳаётзода тасдиқ кунад. Барои тасдиқи Ҳаётзода бошад, бояд яке аз наздикони маҳбус бо бастаи дуллорҳои амрикоӣ ба “зиёрати” ӯ биравад.

Сабаби асосии ворид шудани Озода Раҳмон ба ин “бизнес” шояд он бошад, ки назорати он ва ҷамъоварии ҳамаи маблағҳои ришва осон аст. Салоҳияти тамоми ниҳодҳо дар афви маҳбусон ба ҳаде поин бурда шудааст, ки дигар онҳо ҳатто ҳақи ҳарф задан дар бораи онро надоранд. 

Дар нишасти хабарии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки имрӯз, 12 июл дар Душанбе баргузор шуд вазири адлия Музаффар Ашӯриён аз шарҳи хабарҳои марбут ба қабул шудани қонун дар “Дар бораи афв” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар ин бора ба Вазорати адлия чизе маълум нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳади ақал 4 манбаъи мӯътамади Паём аз ришваситониҳо барои шомил кардани маҳбусин ба афв хабар дода буданд. Аввалин хабари ришваситонӣ барои афвро мо ҳанӯз якуним моҳ қабл дарёфт карда будем. 

Вазири адлия дар нишасти матбуотӣ қабул шудани ин гуна қонунро рад ё таъйид накард. Ӯ гуфт, ки  “мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”.

Ин изҳори назари вазири адлия дар ҳолест, ки мардум ва расонаҳо аз афви фарогир ва ҳатто ба қавле “тиллоӣ” дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳарф мезаданд. Манобеъи Паём низ қаблан дар бораи зери назорати Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур рафтани маъракаи афв ва ба ӯ таъаллуқ гирифтани ришваҳо хабар дода буданд.

Моҳи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Комиссиюн оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди раисҷумҳур тағйирот ворид кард. Бар асоси ин фармон, Фирдавс Ҳаётзода, ноиби аввали Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур ва раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати Комиссиюн оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди раисҷумҳур шомил гардид. 

Фирдавс Ҳаётзода, ки қаблан дар вазифаи ноиби сардори Хадамоти иҷро кор мекард моҳи декабри соли гузашта ба мақоми ноиби аввали Озода Раҳмон расид. Ду ҳафта қабл манобеъи Паём хабар дода буданд, ки ноиби Озода Раҳмон аз наздикони маҳбусон барои шомил кардани номи онҳо ба рӯйхати афви бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ришва ҷамъ мекунад. 

“Азия-Плюс” низ рӯзи 10 июни соли ҷорӣ бо истинод ба манбаъаш аз Вазорати адлия, аз омодагиҳо барои қабули ин қонун хабар дода буд. Ин манбаъ гуфта буд, ки дар бораи ҷузъиёти ин қонун ҳарф задан хеле барвақт аст, вале гуфта буд, ки “афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст”.

Аммо ҳоло Вазорати адлия, ниҳоде, ки ин қонун ва шароиту қоидаҳои иҷрои онро моҳҳо қабл бояд омода кунад аз он изҳори бехабарӣ менамояд. Бо гумони ғолиб ин вазорат аз дастгоҳи раисҷумҳур чунин фармон гирифтааст, то бо изҳороти ноҷояш ба ҷараёни бизнеси нави Озода халал ворид накунад.  

Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.

Он замон ҳам даҳҳо нафар аз пардозти ришва барои шомил шудани пайвандони маҳбусашон ба рӯйхати афв хабар дода буданд. 

Ҳарчанд Вазорати адлия аз қабули қонуни афв изҳори бехабарӣ мекунад, метавон бо итминон гуфт, ки ин қонун қабул хоҳад шуд ва он ҳатман аз рӯи шумори озодшудагон “тиллоӣ” хоҳад буд. Озода Раҳмон ба бизнесҳои майда-чуйда ворид намешавад ва ба ҳар бизнесе ҳам ки ворид шуд, мекӯшад ҳади аксари даромадро аз он ба даст оварад.

Дар ин “бизнес” ҳам духтари раисҷумҳур даҳҳо миллион доллар ва шояд беш аз сад миллион доллар ба даст оварад. Баъди қабули қонуни афв ҳисобҳои офшории ӯ сад миллиони дигар “ғафстар” мешаванд, аммо мардум ба “пешвои раисятпарвар” ҳамду сано хоҳад хонд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *