Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон умедвор аст дар як моҳи дигари сол қарзаш афзоиш наёбад

Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳаҷми қарзи хориҷӣ то охири сол афзоиш нахоҳад ёфт. То охири сол ҳамагӣ як моҳ мондааст.

Бино ба иттилои  хабаргузории «Авесто» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ гуфтаанд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар нимсолаи аввал 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ба гуфти манбаъи маълумот «бо вуҷуди рушди маблағҳои қарзӣ дар доираи созишномаҳои қаблан имзошуда афзоиши ҳаҷми қарзи беруна то охири соли ҷорӣ дар назар нест».

Вазорати молия далели зиёд нашудани қарзи хориҷиро ба фарқияти қурби асъор, яъне хидматрасонии қарз бо доллари амрикоӣ, ки қурби он дар баробари пули миллии сомонӣ поин меравад, рабт медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар чорчӯби Барномаи қарзҳои хориҷии давлат дар соли 2022 кишвар дар ҳаҷми 292 миллиону 800 ҳазор доллар қарзро истифода карданист ва барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ сарфи 243 миллиону 500 ҳазор доллар дар назар аст.

Қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Эксимбонки Чин, Бонки Осиёии Тавсеъа, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Исломии Рушд мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *