Дар як занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек беш аз сад нафар бо сангу калтак ва арматур ширкат кардаанд, ки дар натиҷа 2 нафар захмӣ ва 26 нафар боздошт шудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар як майдони сохтмоние дар шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон занозании гурӯҳӣ сар зад.
Дар он ҳудуди сад нафар бо истифода аз калтаку сангу арматур ширкат карданд, аммо то расидани пулис ин хархаша тамом ва пароканда шуд. Дар натиҷаи он як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи узбек ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудаанд.
Пулис 30 аз ширкаткунандагони занозаниро дастгир кардааст, ки 26 нафари онҳо шаҳрвандони Узбекистон ва ду нафараш аз Тоҷикистон мебошанд. Нисбати 19 боздоштшуда бо иттиҳоми вайрон кардани қавонини муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, 11 нафари дигарро ба авбошӣ айбдор кардаанд.