Мавлавӣ Абдушшукури Курд, аз рӯҳонёни барҷастаи аҳли суннати Эрон дар шаҳристони Хоши устони Сиистони Балуҷистони ин кишвар тавассути афроди ношинос террор шуд.
Мавлавӣ Абдушшукури Курд (Туршобӣ) фарзанди Мавлавӣ Абдуссаттор, имомҷумъаи фақиди аҳли суннати шаҳристони Хоши устони Сиистон ва Балучистони Эрон чанд соат пеш муқобили масҷиди ҷомеъи Тавҳидияи шаҳри Хош тавассути афроди ношиносе кушта шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Муҳаммад Аҳмади Балоғ, муовини сиёсӣ-иҷтимоии фармондори шаҳристони Хош эълом кард:
«Як устоди барҷастаи аҳли суннати ҳавза ва донишгоҳи ин шаҳристон бо зарби гулӯлаи афроде ношинос субҳи имрӯз террор шуд. Ин фард аз нухбагони илмӣ ва донишгоҳӣ, муҳаққиқ ва фаъол дар мабҳаси ваҳдат ва инсиҷоми исломии Хош будааст.
Ҳодисаи террори ин олими аҳли суннат барои мардуми Хош ногувор буда ва талошҳо барои шиносоӣ ва дастгирии муттаҳамон идома дорад.
Маросими ташйиъи ҷанозаи ин рӯҳонии аҳли суннати Хош соати 17 фардо бо ҳузури Мавлавӣ Исмоилзиҳӣ имомҷумъа масҷиди Маккии аҳл суннати зоҳидон ва ақшори мухталифи мардум ва масъулон дар мусаллои бузурги аҳл суннати ин шаҳристон баргузор мешавад.»