Рубрики Хабарҳо

30 сомонӣ аз ҳар гектар… барои парки Рустам

Мақомоти ҳади ақал се ноҳияи вилояти Хатлон аз деҳқонон талаб кардаанд аз ҳар гектар заминашон 30 сомонигӣ пардохт кунанд. Ин пул ба гуфтаи онҳо барои сохтмони боғи нави истироҳатие, ки шаҳрдории Душанбе ба нақша гирифтааст, ҷамъоварӣ мешавад.

Тибқи иттилои манобеъи Паём дар навоҳии Ҷайҳун (собиқ Қумсангир), Панҷ ва Вахш масъулин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ талаб кардаанд, ки аз ҳар гектари заминашон 30 сомонӣ барои сохтмони боғи нави истироҳатӣ дар Душанбе маблағ супоранд. Ҳамчунин барои сохтмони боғи нав аз дӯкондорон вобаста аз ҳаҷми дӯконашон маблағ ситонида мешавад.

Як манбаъ бо истинод ба ҷонишини раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, аз Душанбе ба руасои ноҳияи нақша муайян кардаанд, ки чӣ қадар бояд ба “парки Рустами Эмомалӣ” маблағ супоранд.  

Ҷамъоварии маблағ барои боғи истироҳатӣ ягона андози ғайрирасмӣ нест, ки мақомоти ин ноҳияҳо аз соҳибкорону деҳқонон ва мардуми оддӣ меситонанд. Ба гуфтаи манбаъи Паём ҳади ақал дар ду ҳафта як бор мақомдорони маҳаллӣ бо кадом баҳонае аз онҳо маблағ талаб мекунанд.

Барои селзадагони ноҳияи Панҷу Фархор ҳам аз ҳар сари аҳолӣ аз 5 то 10 сомонӣ тавассути ҷамоъатҳо ва масҷидҳо ҷамъоварӣ кардаанд. Масҷидҳое, ки то ҳол баста нашудаанд ба манбаъи даромади мақомоти маҳаллӣ табдил ёфтааст.

“Ҳар гоҳ барои кадом коре пул лозимашон шуд меоянду аз масҷид талаб мекунанд. Агар масҷид сари вақт пардохт накард, дари онро то вақти супоридани пул мебанданд” — гуфт манбаъ.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст боғи бузурги дигаре дар майдони тақрибан 30 гектар дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе бунёд кунадд.

Боғро ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон месосозанд, ки қарор аст, соли 2021 таҷлил мешавад, бунёд мекунанд. Бунёди ин боғ садҳо оиларо маҷбур ба кӯчидан аз маркази пойтахт хоҳад кард.

Мақомот ҳамчунин тасмим доранд дар ин боғ деворе созанд, ки    

бо сангҳои дуру лоҷувард, фирӯза, лаъл ва дигар сангҳои қиматбаҳои Суғду Бохтар ва Бадахшон ороиш ёбад.

Маблағи бунёди боғи нав ба миллионҳо доллар мерасад. Манобеъи гуногун мегӯянд, Рустами Эмомалӣ сохтмони боғу роҳҳоро ба манбаъи пулшӯӣ ва воситаи даромдаи шахсиаш табдил додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *