Пас аз “таътили” чаҳорсола баъди “ҳамлаи террористии” моҳи июли соли 2018 дар Данғара, ки мунҷар ба кушта шудани сайёҳони хориҷӣ шуд, номи Тоҷикистон дубора дар сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Як рӯз қабл аз сафари Путин ба Душанбе тақрибан ҳеҷ расонаи маъруфе дар ҷаҳон боқӣ намонд, ки номи Тоҷикистонро зикр накарда бошад. Бо гузашти як ҳафта аз ин сафар ҳам ҳанӯз гуфтумонҳо дар бораи ҳадаф ва натиҷаҳои ин сафар идома доранд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки дар инзифои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, бори аввал аз замони ҳамлаи артиши кишвараш ба хоки Укроин иқдом ба сафари хориҷӣ кард, ки он ҳам ба Тоҷикистон иттифоқ афтод. Бо ин вуҷуд, ки мақомоти ҳардуи кишвар гуфтаанд ин як сафари сарироҳӣ аст ва баимзорасонии ҳеҷ санаде дар назар нест, расонаҳову маҳофили сиёсии ҷаҳонӣ фол мезаданду мезананд, ки ҳадаф аз ин сафари Путин чӣ метавонад бошад ва чаро ӯ маҳз Тоҷикистонро интихоб кард?
Раисҷумҳури Русия қаблан дар ҳар кишваре меҳмони олиқадр буд ва барои ҳукуматҳои кишварҳое чун Тоҷикистону Туркманистон пазироии ӯ шараф маҳсуб мегашт. Аммо ҳоло, ки аксари кишварҳо аз равобити танготанг бо Русия парҳез мекунанд, то зери таҳрими Ғарб қарор нагиранд, сафари Путин ба Тоҷикистон чӣ паёмадҳое дошта метавонад?
Оё Тоҷикистон барои Русия шарики стратегӣ аст?
Бо ин вуҷуд, ки Тоҷикистон Русияро шарики рақами аввали стратегӣ ва тиҷориаш меномад, наметавон шарокати ду кишварро стратегӣ ва ҳатто шарокат ба маънии томаш номид, ҳатто шарокати иқтисодиро. Русия шояд барои Тоҷикистон бинобар ҳузури бузургтарин пойгоҳаш дар замини он ва машғули кор будани 2 миллион муҳоҷираш дар ин кишвар шарики стратегист, аммо Русия ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон чун шарики стратегӣ, ҳатто шарик муносибат накардааст. Ва аслан Тоҷикистон дар мавқеъи шарик ҳам нест, ё ҳади ақал то ин дам, ки Русия дигар камтар шарике дар ҷаҳон дорад, набуд:
додугирифти молӣ барои Тоҷикистон бузургтарин байни кишварҳост, аммо барои Русия як рақами бисёр хурд ва камаҳамият аст;
ду миллион муҳоҷири тоҷик тақрибан ҳеҷ ҳуқуқе дар Русия надоранд ва бештар чун абзори фишори Русия болои Тоҷикистон истифода мешаванд;
афсарон ва ҳатто сарбозони Русия дахлнопазиранд ва дар Тоҷикистон худро бештар соҳибхона мебинанд ки меҳмон;
ҳаҷми сармоягузории Русия ва ширкатҳои ин кишвар дар Тоҷикистон поёнтарин на танҳо дар минтақа, балки шояд ҳамаи шарикони тиҷории Русия бошад — он тақрибан ба сифр баробар аст.
Ҳадафи сафари Путин чӣ буд?
Сафари Владимир Путин ҳам, ки таъкид мешавад дар он ҳеҷ санади наве имзо нашуд, дар гумон аст сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро боло баранд, аммо метавонанд паёмадҳое барои Тоҷикистон дошат бошанд.
Ғарб кулли равобити кишварҳо бо Русияро бо диққат наззора мекунад ва бо эҳсос ба онҳо бархӯрд менамояд. Сатҳи ин назорат ба ҳаде аст, ки наздиктарин ҳамсояи Русия — Қазоқистон маҷбур шуд расман эълом кунад, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак нахоҳад кард.
То ин дам ба кишварҳои кӯчаке мисли Тоҷикистон аҳамияти камтаре дода мешуд, аммо таваҷҷӯҳи густурдаи расонаҳо ва доираҳои сиёсии ғарбӣ ба сафари Путин ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки минбаъд равобити ин гуна кишварҳо бо Русия ҳам бо диққат пайгирӣ хоҳанд шуд.
Бархе коршиносон тахмин задаанд яке аз мавзӯъҳое, ки имкон дорад байни Путину Раҳмон баррасӣ шудааст, давр задани таҳримҳо тавассути Тоҷикистон аст. Барои мисол Каримҷон Аҳмадов, собиқ муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон ба ин назар аст, ки имкон дорад Путину Раҳмон масъалаи содироти тиллои Русия тавассути Тоҷикистонро баррасӣ карда бошанд. Содироти тилло бузургтарин манбаъи даромдаи буҷаи Русия баъди нафту газ аст, ки солона 19 миллиард долларо ташкил медиҳад.
Ҳамчунин аз баррасии интиқоли қудрат дар Тоҷикистон байни ду раисҷумҳур тахмин мезананд. Бархе коршиносон мегӯянд Раҳмон бо истифода аз мушкилоти Русия дар ҷанги Укроин бузургтарин масъалаи дохилии худаш — масъалаи Бадахшонро ҳал кард ва баъид нест бо истифода аз ҳамин фурсат масъалаи интиқоли қудратро низ бо Путин ба миён гузошта бошад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки сафари Путин ба Тоҷикистон аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ва ҳеҷ чизи ғайриинтизор надошт. “Танҳо мунтазири ин буданд, ки фурсати муносиб пайдо шаваду Путин сари роҳи кадом сафаре ба Тоҷикистон ворид шавад, то барои сафар танҳо ба Душанбе барномарезӣ нашавад” — изҳор дошт раҳбари мухолифин дар бо маркази таҳлилии “Поистине”.
Ӯ ҳамчунин ба протоколи гуфтугӯи Раҳмону Путин ворид кардани масъалаи интиқоли қудратро баъид медонад ва мегӯяд “сиёсати раисҷумҳури Русия дар ин масъала сода аст — ӯ бо ҳар касе сари қудрат омад ҳамкорӣ мекунад ва таҳти контрол мегирад”.
Таҳрими Ғарб ба Тоҷикистон чӣ зарар дорад?
Ба назар мерасад Ғарб ҳам аз хатароте, ки дар сафари Путин ба Тоҷикистон мебинад, кӯмаки Душанбе ба Маскав дар давр задани таҳримҳо мебошад. Бештари расонаҳои ғарбӣ маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳ кардаанд. Бархе коршиносони ғарбӣ мегӯянд Тоҷикистон метавонад пойгоҳи хубе барои ҳамкориҳои Русия бо Толибони мисли худаш зери таҳрим бошад.
Ғарб таҳдид кардааст ҳар кишвар ё ширкатеро, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак мекунад, таҳрим хоҳад кард. Аммо то чи ҳад таҳримҳои Ғарб ба Тоҷикистон таъсиргузор хоҳанд буд, ки Душанбе аз тарси онҳо ба Маскав “не” гӯяд?
Таҳримҳое, ки то ин замон Ғарб ба ширкату кишварҳо ҷорӣ кардааст, воқеъан барои Тоҷикистон камтаъсир хоҳанд буд. Тоҷикистон тақрибан ҳеҷ технологияи пешрафтаи ғарбӣ ворид намекунад ва додугирифташ ҳам бо Ғарб дар сатҳи бисёр поён қарор дорад. Шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон худи Русия, Чин ва кишварҳои ҳамсояанд. Тибқи охирин омор беш аз 52 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ будааст. Баъди он Чин қарор дорад.
Се соли охир тиҷорати Тоҷикистон бо Суид (Швейтсария) хеле боло рафта буд ва наздик буд Суид бо додугирифтӣ наздик ба $1 млрд.ӣ ба чои аввал дар рӯйхати шарикони тиҷории Тоҷикистон барояд. Аммо ин “додугирифт” танҳо фурӯши захоири тиллои Тоҷикистон буд, ки имсол наздик ба 10 баробар камтар шудааст.
Аз тарафи дигар баъди шурӯъи ҷанги Укроин ва таҳримҳои шадиди Русия аз тарафи Ғарб як баҳамоие байни кишварҳои худкома ва нимахудкомаи Шарқ дида мешавад. Кишварҳое, ки зери таҳрими Ғарб қарор доранд (Русия, Эрон, Афғонистони толибонӣ) ё бо Ғарб рақобати шадиди иқтисодӣ доранд (Чин ва то ҳаде Ҳинд) роҳҳое барои давр задани таҳримҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ меҷӯянд. Барои мисол чанде қабл Эрон пешниҳод кард, ки барои додугирифт дар дохили СҲШ арзи ягона ҷорӣ карда шавад.
Тоҷикистон дар маркази ин баҳамоӣ қарор дорад ва ҳар қадар он таҳким ёфт ҳамон қадар бовастагиаш аз Ғарб камтар хоҳад шуд. Бинобар ин таҳримҳои анъанавии Ғарб ҳатто дар сурати алайҳи Тоҷикистон эъмол шуданашон, таъсири бисёр каме хоҳанд дошт ва дар муқоиса бо фоидаҳое, ки кишвар аз кӯмак дар давр задани кумакҳо аз Русия дарёфт кунад, хеле камтар хоҳад буд.
Аммо дар сурати собит шудани ин кумакҳо, таҳримҳои Ғарб метавонанд шомили пулҳои Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш дар бонкҳои ғарбӣ гардад. Тахмин зада мешавад ҳаҷми ин пулҳо аз 10 то 20 миллиард доллар аст ва ин таҳримест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон қади аҷал аз он метарсад.
Васвасаи гирифтани даромади ҳангуфт аз кумак ба Русия ҳам кам нест. Ҳамчунин посухи қатъии рад додан ба Путин ҳам метавонад авоқиби бадтар аз таҳримҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад.
Агар воқеъан Путин аз Раҳмон хостааст дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак кунад, раисҷумҳури Тоҷикистон бузургтарин чолиш аз замони расиданаш ба қудратро таҷриба мекунад.