Рубрики Хабарҳо

Сафари ғармӣ, зиндонбони қотил ба 1,5 соли зиндон маҳкум шуд

Муовини сардори муассисаи ислоҳии 3/6 воқеъ дар ноҳияи Ёвон Сафархӯҷа (насабаш маълум нашуд), ки чун “Сафари ғармӣ” шинохта мешавад ва баъди бар асари шиканҷа ҷон додани як маҳбус боздошт шуда буд, ба як солу шаш моҳи зиндон маҳкум шудааст. 

Ҳамроҳ бо Сафар ду нафари дигар, ки дар шиканҷаи маҳбус Абдусаттор Юлчиев даст доштанд, боздошт шуда буданд, аммо танҳо зиндонбон Дилшод Солеҳов ба пардохти 90 000 сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст. Маълум нест нафари дигар кай ва чӣ гуна озод шудаанд. 

Гуфтанист, рӯзи 10 февради соли ҷорӣ як зиндонӣ аз маҳбаси Ёвон, ки тавонист бо Паём тамос гирад, хабар дода буд, дар ин зиндон се зиндонбон маҳбусеро зери шиканҷаи шадид гирифтанд, ки дар натиҷа маҳбус тоқат наоварда ҷонашро аз даст додааст. 

Се нафаре, ки ӯро шиканҷа кардаву ба марг расонидаанд иборатанд аз: 

1. Муовини сардори муассисаи ислоҳии 3/6 Сафархӯҷаи ғармӣ (насабаш маълум нашуд).

2. Зиндонбон Фаррухи ёвонӣ  (насабаш маълум нашуд)

3. Зиндонбон Солиев Дилшод.

Гуфта мешавад сабаби шиканҷа пардохт нашудани маблағи “доля”-и ҳармоҳаи муовини сардор будааст, ки он замон вазифаи сардори муассисаро иҷро мекард.. 

Муассисаи ислоҳотии низомаш умумии Ёвон яке аз сабуктарин маҳбасҳои Тоҷикистон ба шумор меравад, аммо шиканҷаву латукӯб ва гоҳо қатли зиндониҳо низ дар ин зиндон аз зиндонҳои дигар камтар нест.

Қаблан Паём маълумоти парокандае дар бораи як зиндонбони ваҳшии ин муассисаи ислоҳотӣ бо номи Убайд Хуҷандиев дарёфт карда буд. Хуҷандиевро яке аз бераҳмтарин зиндонбонҳои муассисаи ислоҳии 3/6 медонанд, ки барои ситонидани пули бештар қодир ба ҳар ваҳшонияте будааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Хуҷандиев ҳоло аз кор ронда шуда, ба таксиронӣ машғул аст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *