Вазорати беҳдошти Фаластин имрӯз тайи баёнияе эълом кард, ки аз оғози ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Ғазза аз рӯзи сешанбе то кунун 30 нафар, аз ҷумла 6 кӯдак ва 3 зан шаҳид шуда ва 93 тани дигар захмӣ шуданд.
Ин вазоратхона рӯзи гузашта шумори шуҳадои фаластинӣ дар асари ҳамалоти Исроил ба навори Ғаззаро 26 нафар, аз ҷумла 4 тан аз фармондеҳони Ҷиҳоди Исломӣ ва теъдодт маҷрӯҳонро низ 80 нафар эълом карда буд.
Ҳамалоти ҷангандаҳои артиши Исроил ба навори Ғазза рӯзи сешанбе оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад. Гурӯҳҳои фаластинӣ дар вокуниш ба ин ҳамалот, Исроилро бо шиллики мушак ҳадаф қарор медиҳанд.